Худои Мутаол дар оятҳои 22-24 сураи Таборак мефармояд:
أَفَمَن يَمْشِى مُكِبّاً عَلَى وَجْهِهِ أَهْدَى أَمَّن يَمْشِى سَوِيّاً عَلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ قُلْ هُوَ الَّذِى أَنشَأَكُمْ وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمْعَ والْأَبْصَارَ والْأَفْئِدَةَ قَلِيلاً مَّا تَشْكُرُونَ قُلْ هُوَ الَّذِى ذَرَأَكُمْ فِى الْأَرْضِ وَإِلَيْهِ تُحْشَرُونَ
Пас оё касе, ки ба рӯ афтода роҳ меравад ҳидоятёфтатар аст ё касе, ки истода бар роҳи рост меравад? Бигӯ: Ӯст касе, ки шуморо падид овард ва барои шумо гӯш ва чашмҳо ва дилҳо қарор дод, аммо шумо андаке сипос мегузоред. Бигӯ: Ӯст касе, ки шуморо дар замин биёфарид ва ба сӯи ӯ маҳшур мешавед.
Бидонем
«Мукиб» ба маънои касе аст, ки ба рӯ афтода бошад ва «иншо» ба маънои эҷоди ҳамроҳ бо ибтикор ва «заръ» ба маънои офаридан ва таксири насл аст.
Дар ин оят кофир ба касе ташбеҳ шудааст, ки ба рӯ бар замин афтода бошад ва бихоҳад афтону хезон ҳаракат кунад, вале мӯъмин ба касе, ки ростқомат роҳ меравад, ташбеҳ шудааст.
Касе, ки бо рӯ ба замин афтода, наметавонад бинад, бо заҳмат ва кунд ҳаракат мекунад, чун мавонеъ роҳро намебинад дасту сураташ осеб мебинад, залил ва хор мешавад, дигарон мераванд ва ӯ танҳо мемонад, вале касе, ки истода ҳаракат мекунад, азиз аст, зуд ва бошитоб меравад, мавонеи роҳро аз дӯр шиносоӣ ва баррасӣ мекунад, аз ин рӯ солим мемонад ва дигарон низ бо ӯ ҳамроҳанд.
Дар ривоят омадааст, ки қалби мушрик чаппа аст.
Худшиносӣ роҳе барои худошиносӣ аст. Ҳазрати Алӣ (к) мефармояд: Гӯш бо устухон мешунавад ва чашм бо пиҳ (равғанмонанд) мебинад.
Бо ин ки шукри мо дар баробари неъматҳои Худованд бисёр кам аст, вале Худованд неъматҳояшро аз мо намегирад. Дар дуо мехонем: Эй Худое, ки дар баробари амал ва шукри кам, атои бисёр мекунӣ.
Биёмӯзем
1. Афроди якрав ва ҳақситез ва ҳақгурез, ба навъе дигаргун шудаанд ва ба ҷои ҳаракати табиӣ мисли хазандаҳо ҳаракат мекунанд.
2. Роҳи Ислом ҳамвор, мустақим ва дорои мақсади равшан аст ва агар уммати исломӣ бар ин роҳ равад, ростқомат ва сарафроз аст.
3. Хилқати инсон бисёр муҳим аст, ба гунае ки Паёмбар(с) маъмур мешавад мардумро ба мабдаи пайдоиш ва неъматҳои нуҳуфта дар он пай дар пай ҳушдор диҳад.
4. Офариниши Худованд ибтикорӣ аст, на шабеҳсозӣ аз рӯи намунаи пешин.
5. Худо ҳамаи абзорҳои шинохтро ба инсон ато фармуд то бо ӯ ҳуҷҷатро тамом кунад. Инсонҳои оддӣ танҳо мешунаванд ва мебинанд ва ибрат мегиранд, аммо инсонҳои бартар, матолиберо аз тариқи дил дарёфт мекунанд.
6. Шукри Худованд танҳо бо забон нест, балки шукри амалӣ лозим аст, ки ҳамон ба коргирии дурусти неъматҳо аст.
7. Касе, ки дар оғози хилқат шуморо дар замин ва аз замин офарид, қудрати зинда кардани дубораи шуморо низ дорад.
8. Худованд дар дунё инсонҳоро дар замин пахш мекунад ва дар қиёмат онҳоро ҷамъ мекунад.