
Худованд дар оятҳои 18-19 сураи Таборак мефармояд:
وَلَقَدْ كَذَّبَ الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ فَكَيْفَ كَانَ نَكِيرِ أَوَلْم يَرَوْاْ إِلَى الطَّيْرِ فَوْقَهُمْ صَآفَّاتٍ وَيَقْبِضْنَ مَا يُمْسِكُهُنَّ إِلَّا الرَّحْمَنُ إِنَّهُ بِکُلِّ شَیءٍ بَصِيرٌ
Ҳамоно касоне, ки пеш аз онон буданд, анбиёро такзиб карданд, пас (бингар, ки) кайфари ман чигуна буд. Оё парандагонеро, ки бар фарози онон, дар ҳоле ки болҳои худро паҳн ва ҷамъ мекунанд (ва дар парвозанд) намебинанд? Ҳеҷ кас ҷуз Худои Раҳмон онҳоро (дар осмон) нигоҳ намедорад. Ҳамоно ӯ ба ҳар чиз бино аст.
Бидонем
Парандагон бо доштани ҳаракатҳои гуруҳӣ ва тайи масофатҳои тӯлонӣ дар чаҳор фасл, нишастанҳо ва парвозҳои паёпай ва дароз ва бе маҳдудияти маконӣ, аммо наяфтодан ва бархурд накардан бо якдигар, нишонаҳое аз азамат ва қудрати илоҳӣ ҳастанд.
«Соффот» яъне паранда бо болҳои боз парвоз мекунад.
«Яқбизуҳунна» яъне паранда болҳои худро ҷамъ мекунад.
Биёмӯзем
1. Таҳдидҳои Худовандро ҷиддӣ бигирем. Қаҳри Худованд дар бораи пешиниён амалӣ шудааст. Қорунро замин фурӯ бурд ва бар қавми Лут аз осмон сангреза борид. Пас шумо аз таърихи онон ибрат бигиред.
2. Худованд паёмбарашро дар баробари такзиби мардум дилдорӣ медиҳад.
3. Таърихи гузашта чароғи роҳи ояндагон аст.
4. Такзиби анби рамзи қаҳри илоҳӣ аст.
5. Абзорҳои моддӣ шуморо мағрур накунад. Гарчи паранда бо бол задан парвоз мекунад, вале ончи ӯро дар ҳаво нигоҳ медорад, қудрати Худованд аст.
6. Ҳеҷ чизро барои Худо шарик қарор надиҳед.
7. Неъматҳои илоҳӣ бар асоси раҳмат аст.
8. Низоми ҳастӣ зери назари Худованд идора мешавад.