Худованд дар оятҳои 16-17 сураи Таборак мефармояд:
ءَأَمِنتُم مَّن فِى السَّمَآءِ أَن يَخْسِفَ بِكُمُ الْأَرْضَ فَإِذَا هِىَ تَمُورُ أَمْ أَمِنتُم مَّن فِى السَّمَآءِ أَن يُرْسِلَ عَلَيْكُمْ حَاصِباً فَسَتَعْلَمُونَ كَيْفَ نَذِيرِ
Оё худро аз (қаҳри) касе‏, ки дар осмон аст, эмин ме‏донед, аз ин ки шуморо дар замин фурӯ барад, пас ногоҳ замин ба ларза афтад? Ё аз (қаҳри) касе, ки дар осмон аст, эмин шудаед, ки тундбоде аз сангреза бар шумо фурӯ фиристад? Пас ба зудӣ хоҳед донист, ки бим додани ман чигуна аст!
Бидонем
Мӯҳтавои ин ду оят мисли ояти 65 сураи Анъом аст, ки ме‏фармояд: Ба мардум бигӯ: Ӯ қодир аст, ки аз осмон ё замин бар шумо азобе нозил намояд.
«Ҳосиб» ба маънои тундбоде аст, ки сангреза бо худ дорад.
Намунаи фурӯ рафтан дар замин дар охири сураи Қасас дар бораи Қорун омадааст.
Қудрати Худованд дар оромиш бахшидан ба замин, ҷилва‏е аз фармонравоии ӯст, ки дар ибтидои сура хондем.
Эҳтимоли тағйир ва дигаргунӣ дар ҳастӣ, инсонро аз мағрур шудан ва такя кардан ба дунё наҷот ме‏диҳад.
Биёмӯзем
1. Қаҳру кайфари Худованд, танҳо дар қиёмат нест.
2. Ҳеҷ кас худро аз қаҳри Худо дар амон надонад ва ҳар лаҳза эҳтимоли нузули қаҳр ҳаст.
3. Осмон маркази фармондеҳӣ ва тадбири илоҳӣ аст.
4. Осмон маркази маъмурони мутеъ ва таҳти амри Худованд аст.
5. Низоми ҳоким бар табиат бо иродаи ӯст ва ҳар лаҳза ме‏тавонад онро тағйир диҳад.
6. Қаҳри илоҳӣ мумкин аст аз зери пои инсон бошад ва ӯро дар замин фурӯ барад.
7. Дасти Худованд боз аст. Ҳам ме‏тавонад аз осмон борон фиристад ва ҳам ме‏тавонад аз осмон санг биборад.
8. Таҳдидҳои Худоро ҷиддӣ бигирем.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст