Худои Мутаол дар ояти 15 сураи Таборак мефармояд:
هُوَ الَّذِى جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ ذَلُولًا فَامْشُواْ فِى مَنَاكِبِهَا وَ كُلُواْ مِن رِّزْقِهِ وَإِلَيْهِ النُّشُورُ
Ӯст, ки заминро барои шумо ром сохт. Пас дар шонаҳои он рафтуомад кунед ва аз ризқи илоҳӣ бихӯред (ва бидонед, ки) барангехта шудан фақат ба сӯи ӯст.
Бидонем
«Манкаб» ба маънои шона аст ва шона беҳтарин узв барои қарор гирифтани бор бар рӯи он аст. Шонаи замин, яъне қисмат‏ҳое аз замин, ки бори ризқи шумо бар он аст.
Замин роми инсон аст ва бо вуҷуди чанд навъ ҳаракати мухталиф ором аст. Агар ба таври доим замин гирифтори зилзила ё оташфишон буд ё фосилаи замин бо хуршед дуртар ва ё наздиктар буд ва ё ҳар як аз муҳосиботи мавҷуд бар замин ҳоким набуд, замин барои инсон ром набуд.
Биёмӯзем
1. Худованд заминро ром сохта то имкони талош ва кӯшиши башар бар рӯи он фароҳам бошад.
2. Ризқ аз сӯи Худованд аст, вале барои ба даст овардани он талош лозим аст.
3. Ҳастӣ дар ҳоли ҳаракат ва рӯ ба камол аст: табиат барои инсон, инсон барои талош, талош барои ризқ ва дунё барои охират.
4. Комёби‏ҳои дунё набояд сабаби ғафлат аз қиёмат шавад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст