Худои Мутаол дар оятҳои 6-8 сураи Таборак мефармояд:
وَلِلَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمْ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ إِذَآ أُلْقُواْ فِيهَا سَمِعُواْ لَهَا شَهِيقاً وَهِىَ تَفُورُ تَكَادُ تَمَيَّزُ مِنَ الْغَيْظِ كُلَّمَآ أُلْقِىَ فِيهَا فَوْجٌ سَأَلَهُمْ خَزَنَتُهَآ أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَذِيرٌ
Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон куфр варзанд азоби ҷаҳаннам аст, ки бад бозгаштгоҳе аст. Ҳангоме ки ба дӯзах партоб шаванд, хурӯши нобаҳинҷори онро мешунаванд, дар ҳоле ки ҷӯшиш ва фаварон дорад. Наздик аст аз шиддати хашм, пора-пора шавад. Ҳар гоҳ гурӯҳе дар он афканда шаванд, нигаҳбонони дӯзах аз онон пурсанд: Оё ҳушдордиҳандае ба сӯроғи шумо наёмад?
Бидонем
«Улқу» аз «илқо» ба маънои партоб шудан беихтиёр аст.
«Шаҳиқ» ба зишттарин ва нохушояндтарин садоҳо, ҳамчун садои гӯшхароши харон гуфта мешавад. «Тафур» аз фаварон, баёнгари шӯълаҳои азими дӯзах аст, ки меҷушад ва боло меояд.
Садои нохушоянди «шаҳиқ» аз худи дӯзах аст ва аҳли дӯзах низ шаҳиқ доранд, чунонки дар ояти 106 сураи Ҳуд омадааст.
Биёмӯзем
1. Масъала муҳим аст пас онро ҷиддӣ бигиред.
2. Куфр ба Парвардигор оташи ҷаҳаннам ва бад бозгаштгоҳеро ба дунбол дорад.
3. Ғазаб ва ғайз гоҳе ба ҳадди инфиҷор мерасад.
4. Дӯзахиён ба даруни оташ партоб мешаванд.
5. Азоби ҷаҳаннам ҳамроҳ бо таҳқир аст (партоб шудан), гӯшхарош ва бо саволи сарзанишӣ аст.
6. Азоби илоҳӣ баъд аз итмоми ҳуҷҷат аст.
7. Бими бимдиҳандагон аз тарафи Худоро ҷиддӣ бигирем.
8. Илоҷи воқеа пеш вуқӯъ бояд кард.