Худои Мутаол дар ояти 2 сураи мубораки Таборак мефармояд:
الَّذِى خَلَقَ الْمَوْتَ وَالْحَيَاةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلاً وَهُوَ الْعَزِيزُ الْغَفُورُ
Ӯст, ки марг ва ҳаётро офарид то шуморо биёзмояд, ки кадом як аз шумо беҳтарин амалро анҷом медиҳад ва ӯ иззатманди ва омурзанда аст.
Бидонем
Ҳадаф аз офариниши инсон чист?
Қуръони Карим чаҳор ҳадафро барои офариниш инсон баён кардааст:
1. Бандагии Худо кардан. «Ва мо ҷинну инсонро наёфаридем ҷуз ин ки маро бандагӣ кунанд. Зориёт/56
2. Интихоби роҳи дуруст ва расидан ба рушду камол дар асари озмоишҳои Худо. Худо касе аст, ки марг ва зиндагиро офарид то шуморо биёзмояд, ки кадоми шумо беҳтарин амалро анҷом медиҳед.
3. Раҳмат бар мардум. Инсонҳо барои он офарида шуданд, ки ба раҳмати хосси Парвардигон ҳидоят шаванд. Ҳуд/119
Кори «ҳасан» ва нек чӣ шароите дорад?
Кори нек, корест, ки аз назари ҳадаф, замон, макон, зарурат, давом, абзори мавриди истифода, ҳамкорон, баҳрагирон, пойдорӣ дар кор, истеҳком, назм, оянданигарӣ дар амал, авлавиятҳои мавриди ниёз, нишот, эътидол, диққат, суръат ва саломати кор, мавриди санҷиш ва барномарезӣ қарор гирифта бошад ва ба дӯр аз офатҳои худбинӣ, нобудӣ, риё ва шунованидан анҷом пазирад.
Худои Мутаол ҳам дар дунё ҳукумат дорад “фармонравоӣ дасти туст” ва ҳам дар охират ҳоким аст. Фармонравоӣ дар рӯзи қиёмат фақат аз они Худост. Ҳаҷ/76
Худованд ҳокими ягона аст (Фурқон/2) ва ҳукумати ӯ муқаддас аст. Ҷумъа/1
Ҷилваҳои баракати Худо ҳам дар офариниш вуҷуд дорад ва ҳам дар қонунгузорӣ. Фурқон/1
Имом Содиқ (а) зери оят фармуд: Мурод амали бештар нест, балки мурод беҳтарин амал аст ва он анҷоми амал бо бузургдошти Худо ва нияти содиқ ва некӯкорӣ аст. Кофӣ, ҷ. 2, саҳ. 16
Биёмӯзем
1. Марг ба маънои фано ва нобудӣ нест, балки амре вуҷудӣ аст, ки офарида шуда ва он гузар аз ин дунё ба дунёи дигар аст.
2. Офариниши марг озмоише барои маълум шудани сабр ва офариниши ҳаёт озмоише барои маълум шудани шукр аст.
3. Ҳамаи офаридаҳои Худо ҳадаф доранд ва ҳеҷ чиз беҳуда офарида нашудааст ва Худованд инсонро барои камоли интихобӣ офаридааст.
4. Ҳақиқати ва шахсияти инсон дар гирифториҳо ва талху шириниҳо ошкор мешавад.
5. Озмоиш Худо барои огоҳ шудани Худо нест, зеро ӯ ҳама чизро медонад, балки барои он аст, ки амале аз мо анҷом шавад. Устод сатҳи саводи шогирдашро медонад, вале ӯро имтиҳон мекунад то шоистагии баҳо барои худи шогирд маълум шавад.
6. Муҳим ин аст, ки амал босифат анҷом шавад.
7. Озмоиши Худо ҳамеша ва барои ҳама аст. Пас дар ҳеҷ ҳол, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт нофармонӣ накунем ва бандаи ӯ бошем.
8. Ба хуб будани кор қаноат накунем, балки бояд дунболи беҳтарин кор бошем.
9. Танҳо ҳукумат ва қудрати Худо шикастнопазир аст. Куҷо шуданд фиръавнҳо, намрудҳо, сталинҳо ва гитлерҳо ва черчилҳо. Ин фиръавнҳои замон ҳам шикаст хоҳанд хӯрд ва нобуд мешаванд ва мераванд. Муҳим ин аст, ки охирбин бошем на охурбин, ки аввалӣ сифати инсон ва дувумӣ ҳайвон аст.
10. Иззат ва қудрати Худованд ҳамроҳ бо раъфат ва раҳмат аст.
11. Аз шикаст дар озмоишҳои Худо ноумед нашавед, ки ӯ бахшанда аст.
12. Бандаи касе бошем, ки бобаракат ва фармонраво аст ва холиқи маргу зиндагист ва беҳтарин амал мехоҳад ва қудрат ва иззати том дорад ва дар айни ҳол ғафуру бахшанда аст.
13. Иззатро дар чоплусии ҳокимони фонӣ ва зудгузар наҷӯем, фақат Худо азиз аст ва Паёмбари Худо (с) ва мӯъминону бандагони солеҳи Худо.
14. Мӯъмин ба касе такя мекунад, ки қудрат ва иззати комил дорад.
15. Мӯъмин ҳимматбаланд аст ба кам қонеъ нест, балки дунболи беҳтарин амал аст.
16. Шайтон инсонро ба гуноҳ васваса ва аз раҳмати Худо ноумед мекунад, вале Худо умедвор ба мағфират.