Худои Мутаол дар ояти 1 сураи мубораки Таборак мефармояд:
تَبَارَكَ الَّذِى بِيَدِهِ الْمُلْكُ وَهُوَ عَلَى‏ كُلِّ‏ شَىْ‏ءٍ قَدِيرٌ
Мояи хайру баракат ва баландмартаба аст он (худое), ки фармонравоӣ ба дасти ӯст ва ӯ бар ҳар чизе тавоност.
Бидонем
Илова бар ин сура, сураи Фурқон низ бо калима «Таборак» оғоз шудааст.
«Таборак» аз решаи «баракат» ҳам ба маънои хайри пойдор аст ва ҳам ба маънои баландмартаба зимнан ба маҳалле, ки дар он об ҷамъ ме‏шавад, «бирка» ме‏гӯянд.
Биёмӯзем
1. Гарчӣ Қуръон дар бораи худаш ва паёмбаре, ки бар вай нозил шуда, калимаи «Таборак»-ро ба кор бурдааст, вале сарчашмаи тамоми баракот Худованд ва қудрати ӯст.
2. Тамоми қудрат‏ҳо ва ҳукумат‏ҳо аз байн мераванд, танҳо ҳукумати Худованд абадӣ аст. Пас фиреби ҳукумати зудгузари ҳокимони золим ва бединро нахӯрем ва дар баробари дастурҳои онон, ки зидди дастурҳои Худои Мутаол ҳастанд таслим нашавем.
3. Ҳукумат‏ҳои дунявӣ ҷузъӣ, зудгузар, муваққат ва маҳдуд аст аз ин рӯ баракати густурдае надорад.
4. Андозагирии марг ва ҳаёт ҷилва‏е аз ҳокимияти ягонаи Худо аст.
5. Ҳокимони дунёӣ ба ҳамаи корҳо қудрат надоранд, вале Худованд ҳокими ҳастӣ ва бар ҳама чиз қодир аст.
6. Ҳокимон ва ҳукуматҳояшон дар дасти қудрат ва ҳукумати Худост.
7. Баракат, моликият ва қудрат аз они Худост ва ӯст, ки ба ҳар кас бихоҳад ба андозае, ки ҳикматаш мехоҳад ато мекунад ва инсонҳоро меозмояд. Пас мағрур ва маъюс нашавем.
8. Касе, ки ба Худо такя кунад ҳеҷ гоҳ шикаст намехурад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст