Рӯзе ҳазрати Али(а) рӯ ба сӯи мардум кард ва фармуд:

ба назари шумо, умедбхштарин ояи Қуръон кадом оят аст?

Баъзе гуфтанд: ояи

« إِنَّ اللَّهَ لَا يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَ يَغْفِرُ مَا دُونَ ذَالِكَ لِمَن يَشَاء»

Худованд ҳаргиз ширкро намебахшад ва поёнтар аз онро барои ҳар кас, ки бихоҳад мебахшад[1]


Имом фармуд: хуб аст, вале ончи ман мехоҳам нест. Баъзе дигар гуфтанд: ояи

«وَ مَن يَعْمَلْ سُوءًا أَوْ يَظْلِمْ نَفْسَهُ ثُمَّ يَسْتَغْفِرِ اللَّهَ يَجِدِ اللَّهَ غَفُورًا رَّحِيمًا»

Ҳаркас амали зиште анҷом диҳад ё бар ҳӯд ситам кунад ва сипас аз Худо омурзиш бихоҳад, Худоро ғавуру раҳим хоҳад ёфт[2]


Имом фармуд: ин ҳам саҳеҳ, вале онки мехоҳам нест. Боз гуруҳе гуфтанд: ояи

« قُلْ يَاعِبَادِىَ الَّذِينَ أَسْرَفُواْ عَلىَ أَنفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُواْ مِن رَّحْمَةِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيم »

Эй бандагони ман, ки дар асари гуноҳ бар хештан зиёдаравӣ кардаед аз раҳмати Худо маъюс нашавед, дар ҳақиқат Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад, ки ӯ худ омурзандаи меҳрубон аст[3]


Имом фармуд: Хуб аст, аммо боз ҳам ончи мехоҳам нест.

Гуруҳи дигар гуфтанд:

« وَ الَّذِينَ إِذَا فَعَلُواْ فَاحِشَةً أَوْ ظَلَمُواْ أَنفُسَهُمْ ذَكَرُواْ اللَّهَ فَاسْتَغْفَرُواْ لِذُنُوبِهِمْ وَ مَن يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا الله »

Парҳезкорон касоне ҳастанд, ки ҳангоме, ки кори зиште анҷом медиҳанд, ё ба худ ситам мекунанд ба ёди Худо меафтанд, аз гуноҳони хеш омурзиш металабанд ва чи касест ҷуз Худо, ки гуноҳонро биёмурзад[4]


Боз Имом фармуд: он ояе, ки ман мехоҳам ҳеҷкадоми инҳо нест.

Дар ин ҳангом мардум аз ҳар тараф ба сӯи Имом мутаваҷҷеҳ шуданд ва ҳам-ҳама шуруъ шуд.


Имом Алӣ(а) фармуд: чи хабар аст!? Арз карданд: ба Худо савганд мо ояи дигаре дар ин замина суроғ надорем.


Имом фармуд: аз ҳабиби худам Расули Худо(с) шунидам, ки фармуд: умедбахштарин ояи Қуръон ин оят аст:

« وَ أَقِمِ الصَّلَوةَ طَرَفىَ‏ِ النَّهَارِ وَ زُلَفًا مِّنَ الَّيْلِ إِنَّ الحَْسَنَاتِ يُذْهِبنْ‏َ السَّيِّئاتِ ذَالِكَ ذِكْرَى‏ لِلذَّاكِرِين »

Намозро дар қабл ва баъд аз зуҳр ва бахше аз шаб барпо дор, ки хубиҳо ва бадиҳоро нобуд мекунад. Ин тазаккур ва ёдоварие аст барои онон, ки аҳли тазакуранд![5]


Ва фармуд: Эй Алӣ! Он Худое, ки маро бар ҳақ мабъус карда ва башир ва назир қарор дод, яке аз шумо, ки барои вузу гирифтан бар мехезад, гуноҳонаш аз ҷавориҳаш(аъзои бадан) мерезад ва вақте бо рӯй ва ба қалби худ мутаваҷҷиҳи Аллоҳ мешавад, аз намозаш канор намеравад магар онки аз гуноҳонаш чизе намемонад ва монанди рӯзе, ки мутаваллид шуда пок мешавад ва агар байни ҳарду намоз гуноҳе бикунад намози баъдӣ покаш мекунад, онгоҳ намозҳои панҷгонаро шумурд ..., Баъд он ҳазрат(с) фармуд: ё Алӣ ҷуз ин нест, ки намозҳои панҷгона барои уммати ман ҳукми наҳри ҷориро дорад, ки дар хонаи онҳо воқеъ бошад, ҳол чигуна аст вазъи касе, ки баданаш олудагӣ дошта бошад ва рӯзе худро панҷ навбат дар он об бишуяд? Намозҳои панҷгона ҳам ба Худо савганд барои уммати ман ҳамин ҳукмро дорад.

Бале, хондани намозҳои панҷгона, он ҳам ҳаррӯз, агар бо ҳузури қалбу имони пок ҳамроҳ бошад, дарёи покест, ки хонандаи намоз дар он барои пок кардани худ аз гуноҳон ворид мегардад ва пок, ҳамчун рӯзи аввалаш аз он хориҷ хоҳад шуд.

мудири Нури Тоҷикон



[1] Сураи Нисоъ ояти 48.

[2] Сураи Нисоъ ояти 110.

[3] Сураи Зумар ояти 53.

[4] Сураи Оли Имрон ояти 135.

[5] Сураи Ҳуд ояти 114.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст