Худои Мутаол дар бораи ояндаи ҳаққу ҳидоят мефармояд:
يُرِيدُونَ لِيُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَاللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ
Мехоҳанд нури Худоро бо даҳони худ хомӯш кунанд ва ҳол он ки Худо бо вуҷуди ин ки кофиронро хуш наёяд нури худро комил хоҳад кард. Сураи муборакаи Саф, ояти 8
Душман барои хомӯш кардани нури Худо аз роҳҳои гуногун истифода мекунад, мисли
1. Тӯҳмати ақибгардӣ ва куҳнагароӣ мезанад. Анъом/25
2. Аҳли имонро хаёлпардоз ва пиндоргаро мегӯяд. Анбиё/5
3. Суханони Паёмбарро дурӯғ ва бепоя мешуморад. Аҳқоф/8
4. Оёти ваҳйро сатҳӣ ва беарзиш эълом мекунад. Анфол/31
5. Барои Худо рақиб метарошад. Иброҳим/30
6. Мардумро аз шунидани оёти Худо манъ мекунад. Фуссилат/26
7. Ба роҳу мактаби мӯъминон таъна мезанад ва онро таҳқир мекунад. Тавба/12
8. Дини Худоро масхара мекунад. Моида/57
9. Барои хароб кардани масҷид ва марокизи динӣ талош мекунад. Бақара/114
10. Дини Худоро таҳриф мекунад. Бақара/ 75
11. Дар дин бидъат мегузорад. Ҳадид/27
12. Ҳақиқатҳоро пинҳон мекунад. Бақара/159
13. Дини Худоро тика-тика мекунад ва аз он ба нафъи худ баҳра мебарад. Бақара/85
14. Ҳақу ботилро ба ҳам меомезад. Бақара/42
15. Бо мусулмонон ба ҷангу ситез бармехезанд. Бақара/217
Вале бояд бидонанд, ки фақат парвандаи ҷурму ҷинояти худро зиёд мекунанд ва хости Худо пирӯзӣ ва тамом шудани нур ва дини Худост ҳарчанд кофирон ва мушриконро хуш наёяд. Фикр накунанд, ки барои қудрату ҳукумати худ аз дин метавонанд баҳра баранд ва мӯъминон ва мусулмононро фиреб медиҳанд, чунки дин соҳиб дорад ва он рӯз дур нест, ки ҳақиқат равшан ва чунон расво шаванд, ки шармандаи абадӣ гарданд.