Худои Мутаол дар ояти 218 сураи Бақара мефармояд:
إِنَّ الَّذِينَ ءَامَنُواْ وَالَّذِينَ هَاجَرُواْ وَجَهَدُواْ فِى سَبِيلِ اللَّهِ أُولَئِكَ يَرْجُونَ رَحْمَتَ اللَّهِ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ‏
Дар ҳақиқат касоне, ки имон овардаанд ва касоне, ки муҳоҷират намуда ва дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд, онҳо ба раҳмати Парвардигор умедовор ҳастанд ва Худованд омурзанда ва меҳрубон аст.
Бидонем
Дар шаъни нузули ин оят ва ояти пеш аз он ме‏хонем: Мӯъминоне, ки ҳиҷрат ва ҷиҳод карданд, вале ҳилоли моҳи Раҷабро бо моҳи Ҷимоди‏ссонӣ иштибоҳ гирифтанд ва даст ба куштор заданд, нороҳат набошанд, зеро иштибоҳашон афв мешавад ва онон қасди гуноҳ надоштаанд.
Умед бе амал орзуе беш нест, чунонки дар охирин ояти сура‏и Каҳф ме‏хонем: Ҳар кас умед ба дидори Парвардигор ва расидан ба мақоми қурбро дорад, пас бояд амали холисона анҷом диҳад. Оре, «раҷоъ», он умеде аст, ки инсон заминаҳои расидан ба онро фароҳам кунад.
Барои умедвор будан ба алтофи илоҳӣ, Ислом замина‏ҳоеро фароҳам кардааст:
1- яъс ва ноумедӣ аз гуноҳони кабира аст. (Зумар, 53)
2- Худованд ме‏фармояд: Ман назди гумони банда‏и мӯъмин ҳастам, агар гумони хуб ба ман бибурад ба ӯ хубе ме‏расонам. (Кофӣ, ҷ‏2, с 72)
3- анбиё ва фариштагон ба мӯъминон дуо ва барои онон истиғфор ме‏кунанд. Ғофир, 7; Иброҳим, 41.
4- подоши илоҳӣ чандин баробар аст. Бақара, 261.
5 - роҳи тавба боз аст. Нисо, 18.
6- гирифтори‏ҳои мӯъмин каффора‏и гуноҳони ба ҳисоб меояд. Биҳор, ҷ‏81, с‏176.
7- Худованд тавбаро қабул карда ва бадиҳоро ба ҳасанот табдил мекунад. Фурқон, 70.
Биёмӯзем
1. Масъала муҳим аст пас онро ҷиддӣ бигиред.
2. Аввал имон баъд амал.
3. Умед ба лутфи Парвардигор машрут ба имон, ҳиҷрату ҷиҳод аст.
4. Ҷиҳод бояд дар роҳи таъинкарда ва ризои Худо бошад на ба қасди ҳавову ҳаваси худ ё дигарон.
5. Усули афкор ва аъмол агар саҳеҳ бошад, хатоҳои ҷузъӣ қобили афв аст.
6. Ба лутфи Худованд умедвор бошем, на ба корҳои неки худ, зеро хатари оқибати бад ва нобудии амал ва қабул нашудани итоат, то поёни умр дар камин аст.
7. Чун банда умедвор ба раҳмати Худованд аст, Худованд низ эълом ме‏кунад: омурзанда ва меҳрубон аст.
8. Арзиши ҳиҷрат ва ҷиҳод он аст, ки дар роҳи Худо ва барои ӯ бошад.
9. Мӯъминон ва муҳоҷирони мухлис низ ба раҳмату мағфирати ӯ ниёз доранд.
10. Аз хатои муҳоҷирон ва муҷоҳидон дар роҳи Худо, бояд гузашт.
11. Имон, ҳиҷрат ва ҷиҳод дар роҳи Худо заминаи умедворӣ аз раҳмати Худост.
12. Бояд шароити умедворӣ аз раҳмати Худоро аз забони Худо ёд бигирем.
Расули Худо(с) баъд аз 13 сол таблиғ ва талош дар роҳи ризои Худо ва дини Ислом ба дастури Худо барои ҳифзи ҷони худ ва ташкили ҳукумати исломӣ дар рӯзи аввали моҳи Рабеъ-ул-аввал ба Ясриб (,ки баъдан номи Мадинатуннабӣ гирифт) ҳиҷрат кард ва бо ҷиҳод дар роҳи Худо ҳукумати исломиро поягузорӣ ва мудирият кард. Ҳазрати Алӣ (а) дар ин шаби тақдирсоз дар ҷогаҳи Расули Худо(с) хобид то мушрикон нафаҳманд,ки Паёмбар (с) аз Макка берун меравад. Худо ҳам дар ояти 207 сураи Бақара аз ин фидокории имом Алӣ(а) таҷлил кардааст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст