Шаби аввали моҳи Рабеъулаввал фидокории ҳазрати Алӣ (а) дар Лайтатулмабит муборак бод!
Худои Мутаол дар ояти 207 сураи Бақара мефармояд:
وَ مِنَ الْنَّاسِ مَنْ يَشْرِى نَفْسَهُ ابْتغَآءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ وَ اللَّهُ رَءُوفٌ بِالْعِبَادِ
Ва аз мардум касе аст, ки барои касби хушнудӣ ва ризояти Худо, ҷони худро мефурӯшад ва Худованд нисбат ба бандагон меҳрубон аст.
Бидонем
Ибни Абилҳадид, ки аз уламои қарни ҳафтуми исломӣ аст, дар шарҳи Наҳҷулбалоға-и худ овардааст: Тамоми муфассирон гуфтаанд, ки ин оят дар бораи Алӣ ибни Абитолиб (а) нозил шудааст, ки дар "лайлатулмабит" (шаби ҳиҷрати Расули Худо(с)) дар бистари Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) хобид. Ва ин мавзӯъ дар ҳадде аз тавотур аст, ки ҷуз кофир ё девона онро инкор намекунад. Шарҳи Наҳҷулбалоға, ҷ13, с262
Мушрикони Макка қарор гузоштанд аз ҳар қабилае як нафарро барои куштани Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) интихоб кунанд ва он ҳазратро дастаҷамъе аз байн бибаранд то Бани Ҳошим ба хунхоҳии ӯ қиём накунанд ва бо ин амал аз даъвати Паёмбар роҳат шаванд. Бо инояти Худо Паёмбари Аъзам (с) аз нақшаи онон бохабар шуд ва Алӣ (а) барои ин ки Паёмбар ба саломат аз Макка хориҷ шавад, дар бистари эшон хобид ва ин оят дар шаъни он ҳазрат нозил гардид. Муснади Аҳмади Ҳанбал, ҷ.1, саҳ.348
Ҳамин ки Алӣ (а) дар он шаби хатарнок ва сарнавиштсоз ба ҷои Расули Худо(с) хобид, Худованд ба ду фариштаи худ, Ҷабраил ва Микоил фармуд: Кадом як аз шумо ҳозиред фидои дигаре шавед?! Ҳеҷ кадом аз онҳо ҳозир нашуданд. Худованд фармуд: Инак мушоҳида кунед, ки чигуна Алӣ ибни Абитолиб (а) ҳозир аст ҷони худро фидои Расули Худо(с) кунад.
Гоҳе бояд барои эҳёи як маъруф ва ё маҳви як мункар, ҷонро таслим кард. Ҳазрати Алӣ (а) фармуд: Касе, ки дар роҳи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кушта шавад, яке аз масодиқи ин оят аст. Тафсири Софӣ, ҷ1, с241
Биёмӯзем
1. Баъзе аз инсонҳо тавфиқи амалҳои солеҳ ва касби ризои Худоро доранд. Аз Худо бихоҳем, ки фурсатшинос ва соҳиби тавфиқ бошем.
2. Мӯъмин амалаш дунёро ба ҳайрат меорад.
3. Ёди фидокоронро зинда бидорем.
4. Пеши марги авлиёи Худо шудан, як арзиш аст.
5. Бузургтарин суд он аст, ки инсон беҳтарин матоъро, ки ҷони ӯст ба холиқи худ бифурӯшад, он ҳам на барои биҳишт ва ё наҷот аз дӯзах, балки фақат барои касби ризои ӯ.
6. Дар роҳи Худо истиқбол аз хатар ва омодагӣ барои ҷонфишонӣ ҳамчун дарёфти хатар аст. Бо таваҷҷуҳ ба шаъни нузули оят, ситоиш аз касе аст, ки ҷони худро дар маърази хатар қарор дод, ҳарчанд ҳодисае иттифоқ наяфтод.
7. Раъфат ва меҳрубонии Худованд, беҳтарин подош аст. Худованд барои ҳар коре подоше қарор додааст, аммо дар ин оят мефармояд: Худованд рауф аст.
8. Нишонаҳо ва роҳҳои бандагиро аз бандагони шоиста ва таҷлили Худо биёмӯзем ва амал кунем.