Хутбаи ҳазрати Амирулмӯъминин имом Алӣ ибни Абитолиб (а) дар аҳамияти намоз:
Барпо доштани намозро бар ӯҳда гиред ва аз он муҳофизат кунед. Бисёр намоз бигузоред ва бо он худро ба Худо наздик кунед, ки намоз бар мӯъминон дар вақти муайян фарз шудааст. (Нисо/103)
Оё ба ҷавоби дӯзахиён гӯш намекунед, ки вақте аз онон мепурсанд: «Чӣ чиз шуморо дар оташи сӯзони дӯзах даровард» мегӯянд: Мо аз намозгузорон набудем». (Муддассир/42)
Намоз гуноҳонро аз байн мебарад, он гуна ки баргро аз дарахт бирезанд ва гуноҳонро -аз гуноҳкор- мекушояд, чунонки занҷир аз касе бикушоянд.
Расули Худо (с) намозро ба чашмаи оби гарм, ки бар дари хонаи марде бошад монанд кард, ки ӯ шабонарӯз панҷ бор худро бо он бишӯяд ва дигар чирку олудагие бар тани вай намонад.
Дар ҳақиқат касоне аз мӯъминон ҳаққи онро шинохтанд, ки зевари дунё ва ончи сабаби равшании чашм аз молу фарзанд аст онҳоро аз намоз ва ёди ғайри Худо ба ғайри он машғул накард.
Худои Субҳон мефармояд: «Мардоне, ки ононро тиҷорат ва хариду фурӯш аз ёди Худо ва аз барпо доштани намоз ва пардохти закот боз намедорад». (Нур/37)
Расули Худо (Дуруди Худо бар ӯ ва Олаш бод) бо он ки муждаи биҳишт шунида буд боз худро барои барпо доштани намоз ба заҳмат меандохт, чун Худои Субҳон ба ӯ гуфт: «Ва аҳли худро ба намоз дастур деҳ ва худ бар он сабр кун!.» (Тоҳо/132) Пас аҳли худро ба намоз амр мекард ва худ барои барпоии намоз тоқат меовард ва талош мекард.
Наҳҷулбалоға, бахше аз хутбаи 199