Худои Мутаол дар ояти 61 сураи Исро мефармояд:
وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَئِكَةِ اسْجُدُواْ لِأَدَمَ فَسَجَدُواْ إِلَّا إِبْلِيسَ قَالَ ءَأَسْجُدُ لِمَنْ خَلَقْتَ طِيناً
Ва ба ёд овар, замоне ки ба ‏фариштагон гуфтем: Барои Одам саҷда кунед. Пас саҷда карданд, магар Иблис, ки гуфт: Оё барои касе саҷда кунам, ки аз гил (лой) офаридаӣ?!
Бидонем
Дар Қуръони Карим борҳо ба масъалаи саҷда кардани фариштагон ва сарпечии Иблис ишора шудааст.
Иблис
аз ҷиниён аст (Каҳф, 50)
ва аз ҷинну инсон лашкар дорад, (Шуаро, 95)
ва сипоҳи ӯ пиёда ва савора аст. (Исро, 64)
ва сабаби инҳироф ва саҷда накарданаш низ муқоиса байни хоку лой ва оташ буд. (Аъроф, 12)
Биёмӯзем
1. Саҷда барои ғайри Худо, агар ба фармони Худованд бошад, монее надорад.
2. Одам гули сарсабади мавҷудот аст, чун фариштагони бегуноҳ дар баробари ӯ саҷда карданд. Бояд бидонем, ки одаме ин мақомро дорад, ки банда ва халифаи Худо рӯи замин бошад, вагарна аз ҳайвонот ва санг ҳам пасттар мешавад.
3. Фариштагон таслими фармони Худо ҳастанд.
4. Эътиқод ба бартари‏ҳои беасос ва хаёлӣ шайтонӣ аст, зеро шайтон ба бартарии навъи худ ақида дошт. Имрӯз ҳам фахру ғурур бо расму оини ниёкон, ки тибқи гуфта ва ризои Худо ва Расули Худо (с) набошад ва ақлу фитрати инсон онро напазирад ҳеҷ арзише надорад. Арзиш ва шахсияти волои инсон дар сурате аст, ки аз Худо ва дини Худо итоат кунад.
5. Эътироз ба ҳикмат, адл ва амр Худо бадтар аз саҷда накардан аст.
6. Иблис мавҷуде санҷиш‏гар буда ихтиёр доштааст.
7. Чӣ басо решаи гуноҳ ғуруру худбартарбинӣ аст. Шайтон гуфт: Ман аз оташ ва Одам аз хоку лой офарида шудааст. Пас ман бартарам, аз ин рӯ саҷда накард ва нофармонӣ кард.
8. Ҳасади Иблис чашми ҳақиқатбини ӯро кӯр кард, чун хоку лой будани Одамро дид, вале амри Худо ва рӯҳеро, ки Худо дар Одам дамид надид.
9. Аз назари Иблис меъёри арзиш зоҳир ва аносири моддӣ аст.
10. Дар баробари фармонҳои Худо фариштасифат бошем на шайтонсифат.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст