Худои Мутаол дар ояти 14 сураи Саф мефармояд:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ كُونُواْ أَنصَارَ اللَّهِ كَمَا قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ لِلْحَوَارِيِّينَ مَنْ أَنصَارِى إِلَى اللَّهِ قَالَ الْحَوَارِيُّونَ نَحْنُ أَنصَارُ اللَّهِ فَآمَنَت طَّآئِفَةٌ مِّن بَنِى إِسْرَآءِيلَ وَكَفَرَت طَّآئِفَةٌ فَأَيَّدْنَا الَّذِينَ آمَنُواْ عَلَى‏ عَدُوِّهِمْ فَأَصْبَحُواْ ظَاهِرِينَ‏
Эй касоне, ки имон овардаед, ёрони (дини) Худо бошед, ҳамон‏гуна ки Исо ибни Марям ба ҳавориюн гуфт: Ёрони ман дар роҳи Худо чӣ касоне ҳастанд? Ҳавориюн гуфтанд: Мо ёронм (динм) Худо ҳастем! Пас гурӯҳе аз Бани‏ Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Пас касонеро, ки имон оварданд, бар душманашон ёрӣ додем то (бар онон ғалаба карда ва) пирӯз шуданд.
Бидонем
Ҳавориюн ба ёрони хосси ҳазрати Исо(а)‏ гуфта мешавад, ки дувоздаҳ нафар буданд ва номашон дар Инҷил‏ҳои кунунӣ зикр шудааст.( Тафсири Намуна)
Реша‏и ин калима аз «ҳур» ба маънои шустан ва сафед кардан аст ва ба хотири пӯшидани либос‏ҳои сафед ва доштани қалб‏ҳои пок ва ё ин ‏ки ҳам худ ботини пок доштанд ва ҳам дигаронро даъват ба покӣ ме‏карданд, ин вожа дар бораи онон ба кор рафтааст.
Биёмӯзем
1. Худованд барои мӯъминон барнома дорад.
2. Имон масъулият меорад.
3. Мӯъминон бояд вазифаи худро бидонанд ва ба он амал кунанд.
4. Мӯъмин бояд қадам ба қадам рушд кунад. Дар оятҳои пешин даъват ба тиҷорат бо Худо буд ва дар ин оят расман ба ансори Аллоҳ будан даъват ме‏кунад.
5. Худованд ниёзе ба нусрати мо надорад, зеро ҳама‏и нусрат‏ҳо ва пирӯзи‏ҳо аз ӯст, вале ансори Худо будан барои мо ифтихор аст.
6. Гуфтор муҳим аст пас онро ҷиддӣ бигирем.
7. Анбиёи Худо(а) мардумро барои Худо ме‏хоҳанд, на барои худ ва ё гурӯҳ ва ҳизби худ.
8. Паёмбарон(а) барои ғалаба бар душман роҳҳои оддӣ ва табииро тай ме‏карданд ва аз асбоби зоҳирӣ ва неруҳои мардумӣ истифода ме‏карданд.
9. Раҳбар бояд арзёбии дақиқе аз ёрони худ дошта бошад.
10. Иқрор гирифтан аз ёрон навъе таҷдид байъат ва эъломи вафодорӣ аст.
11. Даъвати раҳбарони диниро посух диҳем ва итоат кунем.
12. Инсон ихтиёр дорад, ки даъвати анбиёро бипазирад ва саодатманд шавад ва ё онро рад кунад ва бадбахт шавад.
13. Маъмулан ҳама мардум ба як паёмбар имон наёвардаанд, балки баъзе куфр ме‏варзиданд ва баъзе имон меоварданд, мо низ набояд интизор имон овардани ҳама мардумро дошта бошем.
14. Доштан имон рамзи дарёфти таъйидоти илоҳӣ аст.
15. Ҳазрати Исо (а) ҳам худаш мавриди таъйиди Худованд буд (Бақара/78) ва ҳам ёрони ‏хоссаш.
16. Худованд, ҳамон гуна ки паёмбарашро таъйид ва ёрӣ ме‏кунад пайравонашро низ ёрӣ мекунад.
17. Худованд пуштибони мӯъминон аст ва мӯъминон саранҷом пирӯз ҳастанд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст