Худои Мутаол дар ояти 13 сураи Саф мефармояд:
وَ أُخْرَى‏ تُحِبُّونَهَا نَصْرٌ مِّنَ اللَّهِ وَفَتْحٌ قَرِيبٌ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ
Ва неъмати дигаре, ки онро дӯст доред, ёрӣ ва нусрат аз ҷониби Худованд ва пирӯзии наздик аст ва (эй паёмбар,) мӯъминонро башорат деҳ!
Бидонем
Даромадан ба биҳишт ва мағфирати илоҳӣ мисдоқи наҷот аз азоби илоҳӣ аст, вале чун нусрат ва фатҳи илоҳӣ лутфи дигаре аст, Худованд онро ҷудогона баён фармудааст.
Биёмӯзем
1. Тамоми подош‏ҳо дар охират нест ва бахше аз онҳо дар дунёст.
2. Подош бояд тавре бошад, ки ташвиқшаванда онро дӯст дорад.
3. Размандагон ва муҷоҳидони мухлис ба яке аз ду некӣ ме‏расанд, агар шаҳид шаванд: вориди биҳишт мешаванд ва агар пирӯз шаванд: дар роҳи ризояти Худо ва барои амалӣ шудани дин ва дастури Худо талош мекунанд.
4. Пирӯзиро аз Худо бидонед, на аз таҷҳизоту таҷриба ва тахассус. Албатта Худованд ба мӯъминон дастур додааст, ки худро бо ҳамаи абзорҳои лозим барои дифоъ ва дур кардан душманон муҷаҳҳаз кунанд.
5. Умед ба ояндаи равшан васила‏и дилгармии размандагон ва муҷоҳидон аст.
6. Худованд ба ваъдаҳои худ амал мекунад. Дар ин ҷо фармуд: «Нусрате аз Худо» ва дар ҷои дигар: «Ҳангоме ки нусрати Худо омад » (Наср/1)
Дар ин ҷо фармуд: «Фатҳу пирӯзии қариб» ва дар ҷои дигар фармуд: «Мо ба ту фатҳ ва пирӯзии ошкор додем.» (Фатҳ/1)
7. Барои ташвиқи размандагон ба гузаштан аз мол ва ҷон, аз башорат ва мужда истифода кунед.
8. Мӯъминон дӯст доранд, ки нусрат ва пирӯзии Худо насибашон шавад ва барои ин бо молу ҷон дар роҳи Худо ҷиҳод ва талош мекунанд.
9. Ояндаи мӯъминон равшан, умедвор ва нуронӣ аст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст