Пирӯзии ҳақ -9
Худои Мутаол дар ояти нуҳуми сураи Саф мефармояд:
هُوَ الَّذِى أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ
Ӯ касе аст, ки паёмбарашро бо ҳидоят ва дини ҳақ (ба сӯи мардум) фиристод то онро бар ҳамаи динҳо ғолиб созад, гарчи мушрикон хуш надошта бошанд.
Биёмӯзем
1. Худованд барои роҳнамоии инсонҳо китоб –нақшаи саодат- ва расул –нақшахон ва иҷрокунандаи он- фиристода ва ҳуҷҷатро тамом кардааст.
2. Худованд расулонро интихоб мекунад ва мефиристад.
3. Ислом аз ҷониби Худо ва дини ҳақ аст.
4. Худо пуштибони дини Ислом аст ва онро пирӯз мекунад.
5. Саранҷом пирӯзӣ аз они дини Ислом аст.
6. Ислом дини умед аст.
7. Ҳамаи динҳо бояд зери назар ва ҳукумати Ислом қарор гиранд.
8. Ҳокимият ва ғалабае арзиш дорад, ки бар асоси ҳақ ва комилу доим бошад.
9. Ислом дини ҷовидонӣ ва ҷаҳонӣ аст.
10. Мушрикон аз густариш ва пирӯзии Ислом нороҳат мешаванд.
11. Мушрикон наметавонанд пеши хости Худоро бигиранд.
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1013