Худои Мутаол дар ояти ҳаштуми сураи Саф мефармояд:
يُرِيدُونَ لِيُطْفِئُواْ نُورَ اللَّهِ بِأَفوَاهِهِمْ وَاللَّهُ مُتِّمُّ نُورِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ
Онон мехоҳанд, ки нури Худоро бо даҳонҳо (ва таблиғот)-и худ хомӯш кунанд, дар ҳоле ки Худованд комилкунандаи нури хеш аст, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд.
Биёмӯзем
1. Кофирон ва мухолифони ҳаққу ҳидоят барои хомӯш кардани нури Худо қасди ҷиддӣ доранд.
2. Муборизаи кофирон бо нури Худо доимӣ аст. Пас мӯъминон ҳам набояд ғофил ва бекор бошанд, балки ҳамеша омодаи ҷавобгӯӣ ва дафъи зарар ва хатари онон бошанд.
3. Кофирон бо нури Худо мушкил доранд. Афроду гурӯҳҳо ва нисбатҳои кофирон ба дигарон баҳона аст.
4. Қуръони Карим, Паёмбари Аъзам(с), Ислом нури Худо ҳастанд, чун сабаби шинохт, рушд, ҳаракату ҳарорат ва ҳидояти инсон мешаванд.
5. Муҳиммтарин васила ва абзори душман барои мубориза бо Ислом таблиғот аст, вале наметавонад пеши густариши Ислом ва нури Худо бигирад. Талошҳо ва харҷи кофирон барои мубориза бо Ислом фардо дарди сарашон мешавад ва дигар суде барояшон надорад.
6. Нисбатҳои дурӯғ, муттаҳам, масхара ва бадном кардани диндорон, барҷаста кардани масъалаҳои ихтилофӣ ва монеътарошӣ барои иттиҳоди мусулмонон ва ... аз равишҳои таблиғотии душманони ҳақ барои мубориза бо Ислом ва нури Худост.
7. Кофирон қасд доранд бо даҳонашон нури Худоро хомӯш кунанд, дар ҳоле ки фаромӯш кардаанд, ки офтобро бо доман наметавон пӯшонд.
8. Ба кӯрии чашми кофирон ва бадхоҳони дин Худованд нури худро том ва комил мекунад. Мӯъминон набояд аз таблиғоти душман ноумед ва дилшикаста шаванд ва ақибнишинӣ кунанду таслим шаванд, чун Худо пуштибони онҳост ва ӯ хостааст, ки нури Худо том шавад.
9. Том ва комил шудани нури Худо ва пирӯзиву сарафрозии дин ва бандагони Худо кофиронро нороҳат мекунад.
10. Ислом дини ҷовидон ва пирӯзи майдон аст ҳарчанд кофирон аз вуҷуд ва пешрафти он нороҳат бошанд.
11. Охирбин бошем на охурбин. Охири кор том ва комил шудани нури Худо ва пирӯзии ҳақ ва мӯъминон ва нороҳативу шикасти кофирон аст.
12. Он чӣ дилам хост на он мешавад. Он чӣ Худо хост ҳамон мешавад.
13. Касоне, ки хомӯш кардани нур, дин ва аҳкому ёди Худоро мехоҳанд ва барои амалӣ шудани он барномарезӣ ва талош мекунанд кофир ҳастанд.
14. Худ ва дигаронро бо меъёрҳои Қуръони Карим арзёбӣ кунем.