Худои Мутаол дар ояти шашуми сураи Саф мефармояд:
وَإِذْ قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ يَابَنِى إِسْرَآءِيلَ إِنِّى رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْكُم مُّصَدِّقاً لِّمَا بَيْنَ يَدَىَّ مِنَ التَّوْرَاةِ وَمُبَشِّراً بِرَسُولٍ يَأْتِى مِن بَعْدِى اسْمُهُ أَحْمَدُ فَلَمَّا جَآءَهُم بِالْبَيِّنَاتِ قَالُواْ هَذَا سِحْرٌ مُّبِينٌ
Ва (ёд кунед) онгоҳ, ки Исо писари Марям ба Бани Исроил гуфт: Дар ҳақиқат ман фиристодаи Худо ба сӯи шумо ҳастам ва Тавротеро, ки пеш аз ман будааст, тасдиқ мекунам ва нисбат ба паёмбаре, ки баъд аз ман хоҳад омад ва номаш Аҳмад аст, мужда медиҳам. Пас чун мӯъҷизоти равшане барои онон овард, гуфтанд: Ин ҷодуи ошкор аст.
Биёмӯзем
1. Шумо вазифа доред, ки лаҳзаҳои тақдирсози таърихиро ҳамеша ёд кунед то фаромӯш нашаванд.
2. Таърихи зиндагонии ҳазрати Исо (а) ҷои диққат дорад ва ба ёд монданӣ аст.
3. Ҳазрати Исо писари Марям ва расули Худо аст на Худо ё писари Худо.
4. Паёмбари Ислом (с) охирин паёмбари Худост, чун баъд аз ӯ паёмбаре нест.
5. Дар назди авлиёи Худо ба ҷои ҳасодат башорат аст.
6. Исо ҳам башоратдиҳанда ва ҳам башоратдодашуда аст. Ӯ ба омадани Паёмбари Ислом башорат медиҳад ва Худованд аз вуҷуди ӯ ба ҳазрати Марям(а) башорат медиҳад. (Оли Имрон/31)
7. Дар даъват ҳам ба гузашта ва собиқа диққат кунед, ҳам замони худ ва ҳам ояндаро дар назар бигиред.
8. Дар шиносондани дигарон он гуна амал кунед, ки ҳеҷ ибҳоме боқӣ намонад.
9. Интизор надошта бошед, ки вақте шумо сухани ҳақ мегӯед дигарон бе чуну чаро ва бо ҳолати таслим онро мепазиранд, балки бидонед, ки онҳо дар муқобили шумо мавзеъ мегиранд ва чӣ басо шуморо муттаҳам кунанд.
10. Якравӣ ва пофишорӣ бар ботил боис мешавад, ки на башоратҳои гузашта корсоз бошад ва на нишонаҳои мавҷуд.
11. Аксари мардум на танҳо ҳақро намепазиранд, балки Расули Худоро муттаҳам ба соҳирӣ мекунанд.
12. Душманони ҳақ ғайр аз тӯҳмат задан барои дур кардани мардум аз атрофи расулони Худо ва пазириши ҳақ чизи дигаре надоранд.
13. Расулони Худо барнома ва вазифаеро иҷро мекарданд ва ба мардум мегуфтанд, ки Худо барояшон таъин карда буд.