Худои Мутаол дар ояти 5 сураи Саф мефармояд:
وَإِذْ قَالَ مُوسَى لِقَوْمِهِ يَا قَوْمِ لِمَ تُؤْذُونَنِى وَقَدْ تَّعْلَمُونَ أَنِّى رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْكُمْ فَلَمَّا زَاغُواْ أَزَاغَ اللَّهُ قُلُوبَهُمْ وَاللَّهُ لَا يَهْدِى الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ
Ва (ба ёд ор) он гоҳ, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: Эй қавми ман, бо ин, ки медонед ман фиристодаи Худо ба сӯи шумо ҳастам, чаро азиятам мекунед?
Пас чун мунҳариф шуданд, Худованд дилҳои ононро мунҳариф сохт ва Худованд қавми фосиқро ҳидоят намекунад.
Биёмӯзем
1. Аз гузашта лаҳзаҳои тақдирсоз ва ибратомӯз набояд фаромӯш шавад.
2. Таърихи зиндагии ҳазрати Мусо (а) дарсҳои омӯзанда дорад.
3. Гуфтаҳо муҳиманд. Яке аз роҳҳои муҳимми шинохти шахсият дигарон гуфтор аст.
4. Ҳазрати Мусоро ҳам бо вуҷуди ин ки медонистанд расули Худо аст азият карданд.
5. Коршиканӣ ва азияти яҳудиён махсуси Паёмбари Ислом ва мусулмонон нест онҳо ҳазрати Мусоро ҳам азият кардаанд.
6. Бо савол дигаронро бедору ҳушёр ва масъулиятпазир кунед.
7. Расули Худо ҷойгоҳи махсус дорад.
8. Касоне, ки Расули Худоро шинохтанд далеле барои азият надоранд.
9. Гоҳе худиҳо беш аз бегонагон мушкил эҷод мекунанд.
10. Азияти Расули Худо дили инсонро мунҳариф мекунад.
11. Азобҳои Худо натиҷаи амали худи мост.
12. Фосиқ шудан ва нофармонӣ аз дастури Худо ва азияти Расули Худо инсонро аз ҳидоят маҳрум мекунад.