Худои Мутаол дар ояти севуми сураи Саф мефармояд:
كَبُرَ مَقْتاً عِندَ اللَّهِ أَن تَقُولُواْ مَا لَا تَفْعَلُونَ
Назди Худо бисёр мавриди хашму ғазаб аст, ки чизеро бигӯед, ки (ба он) амал намекунед.
Бидонем
«Мақт» ба маънои хашму ғазаби сахт ва зиёд аст.
Амал накардан ба гуфтор гоҳе ба хотири нотавонӣ аст ва гоҳе аз рӯи бедиққатӣ ва нописандӣ, ки ин сарзаниш дорад.
Дар ҳадис мехонем: Касе, ки аз адолат сухан бигӯяд, вале одил набошад, сахттарин ҳасратро дар қиёмат хоҳад дошт. (Биҳор, ҷ.2, саҳ.30)
Ҳазрати Исо (а) фармуд: Бадбахтарин инсон касе аст, ки назди мардум ба илм шинохта мешавад, вале ба амал маъруф нест. (Мисбоҳушшариат, саҳ. 368)
Имом Содиқ (а) фармуд: Касе, ки корҳояш таъкидкунанда (ва тасдиқкунанда)-и гуфтораш набошад, олим нест. (Кофӣ, ҷ. 1, саҳ. 36)
Ба гуфтаи муфассирон ин оят дар бора касоне нозил шуд, ки хоҳони ҷиҳод дар роҳи Худо буданд, вале ҳамин, ки фармони ҷиҳод содир шуд, баҳонатарошӣ, узрхоҳӣ ва ақибнишинӣ карданд. Албатта мӯҳтавои оят барои тамоми касоне аст, ки шиор медиҳанд, вале амал намекунанд.
Биёмӯзем
1. Вафои ба аҳд воҷиб ва хилофи ваъда аз гуноҳон кабира аст.
2. Чӣ зишт аст, ки тамоми ҳастӣ дар ҳоли тасбеҳи Худованд бошанд, вале инсон бо суханони бе амал, Худовандро ба ғазаб оварад.
3. Гуфтори бе амал хатарнок аст.
4. Шояд имрӯз кори шумо бо ваъдаҳо ва шиорҳои дурӯғин ҳал шавад, аммо назди Худованд вазъи хатарноке хоҳед дошт.
5. Агар аз хашму ғазаби ҳоким ё паҳлавоне метарсед оё аз Худои донову тавоно наметарсед?