Худои Мутаол дар ояти 2 сураи Саф мефармояд:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفْعَلُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, чаро чизе мегӯед, ки амал намекунед?
Биёмӯзем
1. Худованд барои мӯъминон вазифа танзим кардааст.
2. Мӯъминон бояд дар шинохти вазифаҳои худ кутоҳӣ накунанд.
3. Имон масъулият меорад.
4. Далели хитоби худро баён кунем. Ба шумо мегӯям чун шумо мӯъмин ҳастед.
5. Аввал афродро барои шунидан ва фармон додан омода кунед.
6. Яке аз равишҳои таблиғ савол аз худи афрод аст.
7. Бо савол афродро ба фикр ва амал ва қабули масъулият водор кунед.
8. Имон бояд бо амал ва садоқат бошад, вагарна сазовори сарзаниш аст.
9. Гуфтори шумо ҳам ҷузви амали шумост. Пас дар баён ва амали он диққат кунед.
10. Гуфторе, ки ба феъл ва амал табдил нашавад ҷои сарзаниш дорад.
11. Вазифа ва масъулияти касоне, ки дигаронро ба хубӣ ва дурустӣ даъват мекунанд бештар ва сангинтар аст. Имрӯз афроде, ки худро мӯъмину мусулмон мешуморанд ва аз трибунҳои гуногун суханронӣ мекунанд ва аз дин барои хостаҳои нафсонӣ, шаҳвонӣ ва ҳайвонии худ баҳраи шайтонӣ мебаранд ва дар зиндагии худ ба ҳеҷ фармони Худо ва вазифаи имонӣ пойбанд нестанд бояд бидонанд, ки ҳисобашон сахт хоҳад буд.
12. Барномаи зиндагии мӯъминонро Худо танзим кардааст.
13. Роҳ аз чоҳ баён шудааст ва ба ҷои узру баҳонаҳои беасос саъй кунем бо тавфиуи Худо ба вазифаи имонии худ амал кунем.
14. Меъёрҳоро бишинисем ва ҳам худ ва ҳам дигаронро бо он арзёбӣ кунем.