Худои Мутаол дар ояти якуми сураи Саф мефармояд:
سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِى السَّمَوَاتِ وَ مَا فِى الْأَرْضِ وَ هُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ
Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, барои Худо тасбеҳ гӯянд ва ӯ шикастнопазири ҳаким аст.
Бидонем
Ин сура бо тасбеҳи Худо оғоз мешавад ва сураҳои Ҳадид ва Ҳашр низ бо калимаи «Саббаҳа» ва сураҳои Ҷумъа ва Тағобун бо калима «Юсаббиҳу» ва сураи Исро бо калимаи «Субҳон» ва сураи Аъло бо фармони «Саббиҳ исма раббик» оғоз шудаанд. Ин нишонаи аҳамияти тасбеҳ гуфтани Худованд аст.
Биёмӯзем
1. Дар андешаи исломӣ тамоми ҳастӣ шуур доранд ва ҳама ба тасбеҳи Худованд машғуланд. Пас чаро мо аз ҳаракат ва ҳамроҳии ҳастӣ ҷудо бошем.
Хоҳӣ нашавӣ расво ҳамранги ҷамоат шав!
2. Фариштагон яке аз нишонаҳои шоистагии худро тасбеҳи Худо гуфтанд. (Бақара/30) Ҳунари инсон он аст, ки бо ихтиёр ва интихоби дуруст дар канори фариштагон ва ҳамаи ҳастӣ тасбеҳи Худо мегӯяд.
3. Тасбеҳи Худо гуфтан фазилат ва бартарӣ аст.
4. Шоиста он аст, ки осмонҳо ва замин ҷои тасбеҳи Худо бошанд.
5. Касе сазовори тасбеҳу тақдис аст, ки қудрати бениҳоят ва ҳикмати беназир дошта бошад.