Сураи Саф дар соли дувуми ҳиҷрӣ дар Мадинаи Мунаввара нозил шудааст ва 14 оят дорад. Ин сура аз назари тартиби сураҳо шастуякум аст ва дар ҷузъи бистуҳаштуми Қуръони Карим ва саҳифаҳои 551-552 ҷой дорад.
Номи сура аз ояти чоруми гирифта шудааст, ки дар он Худованда аз муҷоҳидоне, ки дар роҳи Худо ҳамчун сафи пулодин ва бунёне устувор меҷанганд таъриф кардааст.
Ба муносибати ин ки дар ояти охирин ин сура аз даъвати Ҳаворийини ҳазрати Исо (а) сухан ба миён омадааст ин сураро Ҳаворийин ҳам гуфтаанд.
Илова бар ин сура сураҳои Ҳадид ва Ҳашр низ бо калимаи «Саббаҳа» ва сураҳои Ҷумъа ва Тағобун бо калима «Юсаббиҳу» ва сураи Исро бо калимаи «Субҳон» ва сураи Аъло бо фармони «Саббиҳ исма раббик» оғоз шудаанд. Ин нишонаи аҳамияти тасбеҳ гуфтани Худованд аст.
Сураи Саф бо тасбеҳи Худованд оғоз ва бо танқиди олимони беамал ва ташвиқи мӯъминон ба ҷиҳод дар роҳи Худо идома меёбад.
Дар бахши баъдӣ ба ҷойгоҳи Расули Худо (с) ишора мекунад ва мефармояд, ки ӯ паёмбаре аст, ки Исои Масеҳ (а) ваъдаи омаданашро дода буд ва дини Ислом ҷаҳонӣ ва ҷовидонӣ аст ва Худо онро бар ҳамаи динҳо ғолиб мекунад.
Саранҷом ёде аз ҳаворийини ҳазрати Исо (а) мешавад.