Худои Мутаол дар оятҳои 17-20 сураи Ғошия мефармояд:
أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى الْإِبِلِ كَيْفَ خُلِقَتْ وَإِلَى السَّمَآءِ كَيْفَ رُفِعَتْ وَإِلَى الْجِبَالِ كَيْفَ نُصِبَتْ وَإِلَى الْأَرْضِ كَيْفَ سُطِحَتْ
Оё ба шутур наменигаранд, ки чигуна офарида шуда ва ба осмон, ки чигуна барафрошта шуда ва ба кӯҳ, ки чигуна барпо дошта шуда ва ба замин, ки чигуна густарда шудааст?
Бидонем
Агар рӯҳияи тафаккур дар инсон бошад, ҳамаи ҳастӣ синфхонаи дарс аст.
Як чӯпон дар биёбон ҳам гӯё дар бузургтарин китобхонаҳои дунёст: зери пояш замин аст, болои сараш осмон, дар атрофаш кӯҳҳо ва пеши рӯяш шутурҳо ва агар дар ҳар як диққат кунад, асрори бисёреро кашф мекунад.
Масалан шутур аз асб бештар медавад ва аз хар бештар бор мебарад.
Дар миёни ҳайвонот баъзе барои саворӣ, баъзе барои гӯшт ва баъзе барои шир истифода мешаванд, вале аз ҳама чизи шутур мешавад истифода кард. Пилкҳояш дар баробари боду хок биёбон тавони боло дорад, дар кӯҳони худ равған ва ғизоро захира карда ва дар баробари гуруснагӣ пуртавон аст. Дар баданаш обро нигаҳдорӣ карда ва дар баробари ташнаги тобдор аст, роҳро медонад, чунон ром аст, ки садҳо шутур таслими як сорбон мешаванд, кафи пои ӯ барои регзор офарида шуда, гардани ӯ зинаи савор шудан ва василаи бор бардоштан ва хулоса ба гуфти арабҳо шутур киштии биёбонҳост. Қавитарин, камхарҷтарин, пурфоидатарин, оромтарин ва бурдбортарин ҳайвон аст.
Пайдоиши осмонҳо ва кӯҳҳо ва замин тасодуфӣ нест, балки комилан ҳакимона офарида шуда ва дар ҷои худ қарор дода шудаанд.
Дар ҳар неъмате як ҷиҳате барҷастагӣ дорад: дар шутур офариниш, дар осмон баландӣ, дар замин густардагӣ ва дар кӯҳҳо салобат ва сар фалак будани онон.
Осмонҳо, саёраҳо, мадори саёраҳо, назм ва ҳисоби онҳо, ки ҳар рӯз гӯшае аз аҷоиби онҳо кашф мешавад, аз арсаҳои ҳамешагии мутолиа ва кашфу диққат кардан ҳастанд.
Кӯҳҳо ва решаҳои онҳо дар дили замин мисли мехҳо ва ҳалқаҳои занҷир заминро аз тазалзул ва изтиробе, ки дар асари маводи гудохта даруни замин падид меояд, ҳифз мекунанд, барфҳоро дар худ захира намуда ва ба тадриҷ равона мекунанд, пеши тӯфонҳоро гирифта ва сабаби тасфияи ҳаво мешаванд, махзани анвои маъданҳо ва маводи санъатӣ буда ва аломатҳое барои мусофирон ва бистаре барои парвариши баъзе аз гиёҳон ҳастанд. Дигар кӯҳҳо аз тариқи анвои сангҳои қиматӣ ва зинатӣ мисли ақиқ ё сангҳои сохтмонӣ ҳамчун мармар сармояи поённопазир барои башар ҳастанд ва хулоса дар ин оёт ба масоили ҷаҳоншиносӣ ва ҳатто тамоми масоиле ҳамчун кишоварзӣ, домдорӣ, санъат ва умури фазоӣ ба шакле ишора шудааст.