Худои Мутаол дар ояти 15 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَدَخَلَ الْمَدِينَةَ عَلَى حِينِ غَفْلَةٍ مِنْ أَهْلِهَا فَوَجَدَ فِيهَا رَجُلَيْنِ يَقْتَتِلَانِ هَذَا مِنْ شِيعَتِهِ وَهَذَا مِنْ عَدُوِّهِ فَاسْتَغَاثَهُ الَّذِي مِنْ شِيعَتِهِ عَلَى الَّذِي مِنْ عَدُوِّهِ فَوَكَزَهُ مُوسَى فَقَضَى عَلَيْهِ قَالَ هَذَا مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ إِنَّهُ عَدُوٌّ مُضِلٌّ مُبِينٌ
Ва Мусо вориди шаҳр шуд, дар ҳоле ки мардум аз вурудаш бехабар буданд ё муҳит аз мардум холӣ буд. Пас дар он ҷо ба ду мард бархурд, ки бо якдигар низоъ мекарданд. Ин яке аз тарафдоронаш ва он (дигаре аз) душманонаш буд. Пас он ки аз пайравони Мусо буд аз ӯ дар баробари душманаш ёрӣ хост. Пас Мусо, барои ҳимояти дӯсти худ муште бар ӯ зад, ки кори ӯро сохт (ва бо ҳамон мушт мурд.) Мусо (аз ин пешомад таконе хурд) ва гуфт: Ин аз кори шайтон буд. Ҳамоно ӯ душману гумроҳкунандаи ошкоре аст.
Бояд бидонем:
Зоҳиран ҳазрати Мусо(а) қабл аз нубувваташ берун аз шаҳр зиндагӣ мекардааст. Ё ба хотири ҳаракоти инқилобии ӯ буд ва ё ба хотири ин ки кохи Фиръавн, ки маҳалли зиндагиаш буд, дар беруни шаҳр будааст.
Савол: Агар паёмбарони Худо маъсуманд ва гуноҳ намекунанд, пас одам куштани Мусо(а) чигуна тафсир мешавад?
Посух: Калимаи «هذا» дар ҷумлаи «هذا من عمل الشيطان» ба низоъ ва ситези он ду мард ишора дорад на ба амали ҳазрати Мусо, яъне ин даъво кори шайтонӣ аст. Ҳазрати Мусо қасди куштани он мардро надошт ва фақат аз як мӯъмин дифоъ кард. Аз ин рӯ Худованд аз қатли ӯ интиқод накард ва дар ҷои дигар мефармояд: «و قَتَلت نفساً فنجّيناك من الغَمّ» Ту яке аз фиръавниёнро ба қатл расондӣ ва дучори ғаму андуҳ шудӣ ва мо туро аз ғам наҷот додем. Сураи Тоҳо, ояти 40
Шиа ба маънои пайрав аст. شِيعَتِهِ
Бояд биёмӯзем:
1.Муслиҳони ҷомеа бояд гоҳе ба сурати ношинос ва ғайрирасмӣ бе ному нишон дар миёни мардум ҳозир шаванд. دخل المدينة على حين غفلة من اهلها
2.Ҳазрати Мусо қабл аз нубувват низ дорои ёр ва пайрав буд. مِن شيعته
3. Нисбат ба ҳаводиси атрофамон бетафовут набошем.فَوَجَدَ فِيهَا
4. Байни фиръавниён бо аҳли имон ҳамеша даргирӣ вуҷуд дорад. يَقْتَتِلَانِ
5. Мардум ба ду даста тақсим мешаванд: ё шиа ва пайрави анбиё ва авлиё(а) ҳастанд ё душмани онҳо. هَذَا مِنْ شِيعَتِهِ وَهَذَا مِنْ عَدُوِّهِ
6. Истиғоса ва фарёд ва кӯмакхоҳӣ аз солеҳон ҳамеша будааст. فاستغاثه
7. Агарчӣ анбиё ва авлиё воситаи лутфу раҳмати Худо ҳастанд, вале мо ҳам бояд аз онҳо кӯмак бихоҳем. فاستغاثه
8. Миёни кӯмакхоҳ ва кӯмаккунанда робитае вуҷуд дорад. فَاسْتَغَاثَهُ الَّذِي مِنْ شِيعَتِهِ
9. Гарчи Мусо бузургшудаи кохи Фиръавн буд, вале мардуми мустазъаф ба хотири тафаккур ва маниш, ӯро ҳомӣ ва раҳбари худ медонистанд. فاستغاثه
10.Дифоъ ва ҳимоят аз мазлумон шеваи авлиёи Худо аст. فوَكَزه موسى
11.Анбиё афроди қудратманд, боғайрат, ҷавонмард, мазлумнавоз ва зулмситез будаанд. «فوَكَزه موسى»
12.Мардони Худо дар сурати лузум бо душман даргир мешуданд ва аз зури бозу баҳра мебурданд. فوَكَزه موسى
13. Марг дасти Худост. فَقَضَى عَلَيْهِ
14. Нақши шайтонро баён кунед. قَالَ هَذَا مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ
15. Эҷоди даргирӣ ва душманӣ ва мубориза бо ҳақ аз амали шайтон аст.إِنَّهُ عَدُوٌّ مُضِلٌّ مُبِينٌ
16. Душмании шайтон ҷиддӣ аст пас онро ҷиддӣ бигирем. إِنَّهُ عَدُوٌّ مُضِلٌّ مُبِينٌ
17. Шайтон душмани қасамхӯрда ва гумроҳкунандаи ошкор аст, пас аз васвасаҳо ва душманиҳои ӯ ғофил нашавем. إِنَّهُ عَدُوٌّ مُضِلٌّ مُبِينٌ