
Чунонки ҳазрати Ҳақ мефармояд:
Истимрор ва идома ёфтани он, инсонро дар зоҳиру ботин, ҷилвагари он зикрҳо менамояд ва ӯро ба қурби илоҳӣ роҳнамо меслзад.
Вуҷуди ноқиси инсоният ба зоти бениҳояти илоҳӣ, ҳамчун зоти комилу беинтиҳо ниёз дорад ва он зоти пок барои наздикӣ ба худаш ва тавфиқи истифода аз файзу лутф ва раҳмату ҳикматаш, роҳҳоеро амр намуда, ки зикри сифоташ яке аз равшантарин ва муҳимтарини он роҳҳо аст.
Худованди Раҳмон мефармояд:
Дар ин навиштор маъно, маротиб, осор ва дигар ҷанбаҳои зикри Худованд бо истифода аз оёту ривоёт ва омӯзаҳои исломӣ баён мегардад, умед аст барои беҳтар ва муассиртар будани зикру ибодатҳои рӯзадорон дар ин моҳи шариф таъсиргузор бошад.
Мафҳум ва маънои Зикр
Зикр дар луғат ба маънои ёдоварӣ (ёд кардан) хилофи фаромушӣ омадааст. Ҳарчанд ин маъноҳо ому густардааст, аммо дар ин мақола манзур зикри Худованд мебошад, ки дар дини Ислом ва дигар адёни осмонӣ ҷойгоҳи хоссе дошта ва дорад.
Маротиби зикр
Зикри Худованд, ки барои он калимоту лафзҳои хоссеро дар манобеи исломӣ зикр намудаанд, худ дорои мартаба аст, ки ҳар кадом аҷру подоши худро дорад ва оёту ривоёт онҳоро баён намудаанд.
1-Зикри лафзӣ: Гуфтани лафзҳои махсус бо забон.
Ин аввалин мартаба аз маротиби зикр аст, ки албатта набояд ҳамчун лақлақаи забон ва ё шухию ҳазл истифода шавад, балки диққату таваҷҷӯҳ ба маъно ва мафҳуми ҳар кадом аз алфоз лозим аст. Ҳарчанд набояд ба ин сабаб, ки наметавон зикрро бо таваҷҷӯҳ адо кард ва ё мафҳуму маънои онро намедонад онро тарк кунад, чун ки гуфтани зикрҳои забонӣ худ аз амру иршодоти Худованд ва Паёмбараш(с) ва авлиё аст ва барои расидан ба маротиби болотар баёни лафзӣ низ лозим аст.
Зикри амалӣ: Таваҷҷӯҳ, диққат ва ҳузури қалбӣ.
Дарку эҳсоси ҳақиқати зикрҳо аз хусусиёти ин мартаба аз зикр аст.
Шахси зокир, ки ҳамеша бар лабаш зикри Худованд бошад ва кору зиндагӣ, рафтору кирдораш бо ёду зикри холиқаш ҳамроҳ аст, таъсирпазириаш аз онро дар зоҳиру ботинаш эҷод мекунад. Инсон дар ин мартаба, ки ҳатто мумкин аст дар забон зикре надошта бошад, аммо тамоми вуҷуду ҳастиашро зикри ҳақ фаро гирифтааст ва дар ҳақиқат, чунон ки фикру ёди ҳар чизе инсонро ба тақлиду пайравӣ ва ранг гирифтан аз мақсуд мекашонад, зикри Худои Мутаол ҳам зокирро ҳамчун ҷилвагари сифоти бениҳояти Худованд намоён мегардонад.
Зикр дар ҳамаи аҳвол:
Вақте ёди Худовандро инсон дар забон тамрин кард ва дар амал онро иҷро намуд, дар ботинаш ҳам таъсироти илоҳӣ бавуҷуд меояд ва дар натиҷа тамоми аҳволу ҳастии онро зикри холиқаш дар бар мегирад. Чунон ки Имом Хумайнӣ(р) фармудаанд: “Дунё маҳзари Худост ва дар маҳзари Худо гуноҳ накунем!” Зокир ҳастиро намоди Худованд ва худро дар маҳзару диди у медонад ва дар ҳамаи аҳвол, аз сахтию осониҳо, хушию нохушиҳо ӯро ёд мекунад ва ин дар зиндагии ӯ намоён мегардад.
Осори зикри Худованд
Ҳамон тавр, ки зикру ёди ҳар чизе дар ёдкунандаи он таъсиргузор хоҳад буд, зикри Худованд ҳам ба унвони соҳиби камолот ва сифоти бениҳоят таъсири зиёдеро дар ёдкунандагонаш мегузорад, ки дар оёту ривоятҳо ҳам ба он ишора шудааст.
1. Мавриди ёди Худо қарор мегирад: Чунон ки мегӯянд, агар мехоҳӣ бидонӣ туро чӣ қадар дӯст медоранд, бубин худат ӯро чӣ қадар дӯст медорӣ! Худои Мутаол дар каломи шарифаш мефармояд:
Осори дурӣ ва тарки зикри Худованд
Чунон ки зикру ёди Худованд сабаби рушди маънавият, касби файзу баракат, наҷот аз балоҳо ва наздикӣ ба саодат буд, тарки он ва дурӣ аз ёди Холиқ осори баде дорад, ки дар каломи Худованду Расули Акрам(с) ба он ишораҳое шудааст.
1.Хусрон: Зикру ёди Худованд сабаби баракати ризқу рӯзии инсоният аст ва тарки он дурӣ аз ин неъмати поки илоҳӣ мегарад. Худованд дар ин бора мефармояд:
2. Худфаромӯшӣ ва ҳамроҳии шайтон:
Ёди Худованд ҳамчун холиқу рабби олам ба ин маъно аст, ки инсони зикргӯянда худро банда ва махлуқи ӯ медонад ва аз душманонаш безорӣ меҷӯяд. Аммо он касе, ки ӯро ёд намекунад аз ёдаш ғофил аст, дар ҳақиқат бо шайтон ҳамчун муҷассамаи душманони холиқаш ҳамроҳ ва ҳамдаст мегардад.
Худои Мутаол фармудааст:
ولا تکونوا کالذین نسوا الله فأنساهم أنفسهم
“Монанди касоне набошед, ки Худоро фаромӯш карданд, ки дар натиҷа Худо низ онҳоро ба фаромӯшӣ гирифторашон намуд”.
Фаромӯшии холиқи ҳастӣ дар ҳақиқат сабаби ғафлат аз ҳақиқату ҳастии худ аст ва фаромӯшии сифоти Худовандӣ ҳам инсонро дар гирдоби разоилу бадиҳои нафсониву шайтонӣ гирифтор мекунад. Ҳамон тавр, ки Худои Мутаол дар муқобили зикркунандагон, ки ҳамнишини Худованд буданд онҳоро аз гумроҳон ва ҳамроҳони шайтон муаррифӣ мекунад ва мефармояд:
و من یعش عن ذکر الرحمن نقیض له شیطان فهو له قرین
Ҳар кас аз ёди Худованд руйгардон бошад ва ӯро фаромӯш кунад, шайтоне барояш мегуморем,ки ҳамнишини ӯ мегардад.
3. Сахтӣ дар зиндагӣ ва курӣ дар охират
Ҳамон тавр ки зикру ёди Худованд сабаби зиндагии хубу ором ва оқибати хайр аст, тарку дурии он сабаби акси онро дорад ва инсонро гирифтори сахтиҳои рӯзгор ва зиндагӣ мекунад ва дар охират ҳам роҳаш торику чашмонаш кӯр хоҳад гашт.
Худои Раҳмон мефармояд:
و من اعرض عن ذکری فإن له معیشة ضنکا و نحشره یوم القیامة اعمی
Бинобар ин, он чӣ баён шуд, зикру ёди холиқи ҳастӣ, яке аз роҳҳои таъкидшуда дар Қуръон ва суннат барои расидан ба саодати дунявию ухравӣ ва касби мақоми қурбу наздикии Худованд аст. Инсони зокир дар асари ёду зикри сифоти Худованд ва истимрору тамрин, дар зиндагии моддию маънавиаш таъсир пазируфта, аз ӯ ҷилвагар хоҳад шуд ва зиндагиро зебо ва аз лутфи холиқаш медонад, лизо орому мутмаин ва бо рафтори бовиқору оқилона ва хайрхоҳонаю ҳакимона, бо дигарон бархурд хоҳад дошт.
Дар муқобил, инсоне, ки аз сифоти бениҳояти холиқаш бенасиб аст ва худро ҳамроҳу ҳамнишини ҳавои нафсонӣ ва шайтонӣ кардааст, наметавонад зиндагии ором дошта бошад ва агар дорад дар асари як шикасту камбуд ва ё дарду ранҷе ҳамаро аз даст медиҳад ва зиндагии сахту нооромеро хоҳад дошт ва оқибаташ ҳам, ҷуз бадбахтию гирифторӣ дар азоби аъмоли бадаш насибаш намешавад.
Дар поён бо зикри ривояте аз Имом Ҷаъфари Содиқ(р) рӯзадорони азизро бар зиндагии орому пок, рафторҳои солеҳу нек ва охирати босаодат аз роҳи зикру ёди Худованд дар ин моҳи бобаракат, даъват менамоям, умед аст аъмолу ибодатҳои ҳамаи мо дар ин моҳ ва дар ин сол ба даргоҳи Худованди Раҳмон қабул гардад.
قال الامام جعفر الصادق(ع): إن کان الشیطان عدواً فالغفلة لماذا و إن کان الموت حقاً فالفرح لماذا
Имом Ҷаъфари Содиқ мефармоянд: Вақте (бовар дорем) шайтон душмани мост, пас ғафлату бепарвоӣ барои чист ва агар бовар дорем, марг ҳақ аст, пас хушию хурсандӣ барои чист?
Иншоаллоҳ Худованд моро ҳам ба баракати солеҳону зокирон аз файзу баракоти ин моҳ баҳраманд гардонад ва дар ҳалқаи зокиронаш нигаҳдорамон бошад ва дар қиёмат аз наздикону муқаррабонаш қарорамон диҳад.
Поянда ва сарфароз бошед