Худои Мутаол дар оятҳои 83 – 87 сураи Соффот (саҳ.449) мефармояд:
وَ إِنَّ مِن شِيعَتِهِ لَإِبْرَاهِيمَ إِذْ جَآءَ رَبَّهُ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ‏ إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَ قَوْمِهِ مَاذَا تَعْبُدُونَ أَئِفْكاً آلِهَةً دُونَ اللَّهِ تُرِيدُونَ فَمَا ظَنُّكُم بِرَبِّ الْعَالَمِينَ‏
Ва дар ҳақиқат Иброҳим аз шиаён ва пайравони Нӯҳ аст. Он гоҳ ки бо дили салим ва солим (аз ҳар айб) ба пешгоҳи Парвардигораш омад. Он гоҳ ки ба падар (сарпараст) ва қавми хеш гуфт: Ин (бут‏ҳо) чист, ки мепарастед? Оё ба дурӯғ маъбудҳои дигаре ғайр аз Худованд ме‏хоҳед. Пас гумони шумо ба Парвардигори ҷаҳониён чист (, ки ғайр ӯро мепарастед)?
Бидонем
Калимаи «шиа» ба маънои гурӯҳе аст, ки аз раиси худ пайравӣ кунанд.
Биёмӯзем
1. Масъала муҳим ва ҷиддӣ аст.
2. Ҳазрати Нӯҳ шиаёни зиёде доштааст ва яке аз онҳо ҳазрати Иброҳим аст.
3. Ҳазрати Иброҳим бо он ҳама бузургӣ ва азамат аз шиаёни ҳазрати Нӯҳ (а) аст.
4. Дурӣ замонӣ ва маконӣ муҳим нест. Бо ин, ки фосилаи ҳазрати Иброҳим то ҳазрати Нӯҳро то чанд ҳазор сол гуфтаанд, лекин дар Қуръон ҳазрати Иброҳим, шиа ва пайрави ҳазрати Нӯҳ муаррифӣ шуда ва Нӯҳ пештози ҳаракати тавҳидӣ аст.
5. Шиаи паёмбарон ва баргузидагону авлиёи Худо будан иззат ва ифтихор аст.
6. Роҳи ҳамаи анбиё (а) яке аст ва анбиё барои якдигар улгу ва муқтадо ҳастанд ва замону макон дар усул ва мабонии адёни осмонӣ асар надорад. Дар ҷои дигар низ Қуръон ба Паёмбар Ислом мефармояд: "Ба ҳидояти паёмбарони пешин иқтидо кун". Анъом/90
7. Бархилофи иддаои мухолифони шиа калимаи "шиа" ихтирои ёрони ҳазрати Алӣ (к) нест.
8. Баъзе аз вазоифи анбиё аз ин қарор аст: пайванд бо паёмбарони пешин, таслими дар баробари Худо ва наҷоти ҷомеа аз анвои ширк.
9. Ибтидо даруни худро пок кунед, сипас ба пок кардани ҷомеа бипардозед. Лозима муваффақияти раҳбарони динӣ доштани қалби салим аст.
10. Қалби салим шарти наздикӣ ба Худо ва бор ёфтан ба даргоҳи ӯст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст