Худои Мутаол дар ояти 31 сураи Оли Имрон мефармояд:
قُلْ إِنْ كُنْتُمْ تُحِبُّونَ اللَّهَ فَاتَّبِعُونِى يُحْبِبْكُمُ اللَّهُ وَيغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ‏
(Эй паёмбар,) бигӯ: Агар Худовандро дӯст ме‏доред, пас аз ман пайравӣ кунед, то Худо шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро бибахшд ва Худованд бисёр бахшандаи меҳрубон аст.
Бидонем
Агар рӯи барф як нафар роҳ равад ва баъд нафари дувум чунон роҳ равад, ки касе бинад фикр кунад як нафар рафта ба дувумӣ пайрав гӯянд. Яъне дақиқан қадам дар ҷои қадамҳои ӯ гузорад.
Биёмӯзем
1. Паёмбар вазифа дорад, ки паём ва дастури Худоро ба мардум бирасонад.
2. Гуфтан муҳим аст. Бо гуфтан ҳақиқатҳо ва шахсияти афрод шинохта мешавад.
3. Ҳар иддаое лозимае дорад ва бо амал ба он арзиш дорад.
4. Иддаҳоро дар амал собит кунед.
5. Мӯъминон вазифа доранд Худоро дӯст доранд.
6. Нишонаи дӯст доштани Худо пайравӣ аз Расули Худо (с) ва ҷонишинони шоистаи ишон аст. Сухан гуфтан бе пайравӣ аз Расули Худо ҳеҷ арзише надорад. Дар ҳар замон худ ва дигаронро бо ин меъёр бисанҷед.
7. Ҳар кас дар пайравӣ аз Расули Худо сустӣ кунад дар ҳақиқат поя‏и муҳаббат ӯ суст аст.
8. Барои ислоҳи мардум аз ҳисси отифӣ кӯмак бигирем.
9. Паёмбар аз ҳар гуноҳу хатое пок аст, чун бечун чаро бояд аз ӯ пайравӣ кард.
10. Амал, сухан ва сукути Расули Худо ҳуҷҷат аст ва бояд аз он пайравӣ кард.
11. Агар мехоҳед Худованд шуморо дӯст бидорад, бояд аз суннати Расули Худо пайравӣ кунед.
12. Инсон ме‏тавонад ба ҷое бирасад, ки ризои ӯ ризои Худо ва пайрави аз ӯ пайравӣ аз Худо ва нишонаи муҳаббати Худо бошад.
13. Пайравӣ аз Расули Худо (с) муҳаббати Худо ва мағфирати гуноҳонро дар пай дорад.
14. Дастури Худои бахшанда ва меҳрубонро ҷиддӣ бигирем.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст