بسم الله الرحمن الرحیم
«تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِم مِّن كُلِّ أَمْرٍ »
Дар он шаб фариштагон ва Руҳ бо иҷозаи Парвардигорашон барои анҷоми ҳар коре фуруд меоянд.
Нуктаҳо:
1. Аз Имом Содиқ (а) пурсиданд: Оё Руҳ ҳамон Ҷабраил (а) аст? Фармуд: Ҷабраил (а) аз малоика аст ва Руҳ болотар аз малоика аст. Сипас ин ояро тиловат фармуданд:
تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِم مِّن كُلِّ أَمْرٍ » «
2. Бо нузули фариштагон бар қалби Пайғамбар (с) ва авлиёаш (а) дар шаби Қадр робитаи замин бо осмон, мулк бо малакут ва табиат бо моварои табиат барқарор мешавад.
Нигоҳе ба фариштагон дар Қуръон
Фариштагон коргузорони низоми ҳастӣ ҳастанд ва вазифа доранд, ки фармонҳои Худовандро дар идораи корҳо иҷро кунанд. Дар Қуръон барои ҳар даста аз фариштагон вазифа ва нақши хоссе таъйин шудааст ва бо ҳамон вазифа номгузорӣ шудаанд:
«المدبرات» «الفارقات» «الناشرات» «الزاجرات» «الصافات» «النازعات»
Баъзе аз фариштагон барои ҳифозат (нигаҳбонӣ) гузошта шудаанд.
وَإِنَّ عَلَيْكُمْ لَحَافِظِينَБаъзе фариштагон бо авлиёи Илоҳӣ гуфтугӯ доранд. Бо ҳазрати Закариё(а) сухан гуфтанд ва ӯро ба фарзанде ба номи Яҳё башорат доданд:
فَنَادَتْهُ الْمَلآئِكَةُ
Ҳамин фариштагон бо ҳазрати Марям(с) гуфтугӯ карданд.
يَا مَرْيَمُ وَإِذْ قَالَتِ الْمَلاَئِكَةُ
Ҳамчунин сухан аз кумаки фариштагон дар майдонҳои ҷанг ба миён омадааст. Чунонки дар ҷанги Бадр Худованд се ҳазор фариштаро ба кӯмаки мусулмонон фиристод.
يُمِدَّكُمْ رَبُّكُم بِثَلاَثَةِ آلاَفٍ مِّنَ الْمَلآئِكَة ... ِ...
Баъзе фариштагон масъули гирифтани ҷони мардум ҳастанд.
قُلْ يَتَوَفَّاكُم مَّلَكُ الْمَوْتِ ...
Дастаи дигар масъули корҳои арш ҳастанд. ... وَيَحْمِلُ عَرْشَ رَبِّكَ...
Аз имтиёзоти фариштагон, ибодати доимӣ ва хастагинопазирии онҳо аст, ки Қуръон мефармояд:
وَمَنْ عِندَهُ لَا يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِهِ وَلَا يَسْتَحْسِرُونَ * يُسَبِّحُونَ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ لَا يَفْتُرُونَ
Аз вазоифи дигари фариштагон, дуо ва истиғфор барои мӯъминин аст. وَيَسْتَغْفِرُونَ لِمَن فِي الْأَرْضِ
Баъзе аз онҳо салавот бар Пайғамбари Ислом(с) мегӯянд.
إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ
Фариштагон дараҷоте доранд ва ҳама дар як сатҳ ва мақом нестанд.
وَمَا مِنَّا إِلَّا لَهُ مَقَامٌ مَّعْلُومٌ
Худованд ҳамон гуна, ки баъзе аз пайғамбаронро бар баъзе дигар бартарӣ дода, аз миёни фариштагон низ баъзеро баргузидааст.
اللَّهُ يَصْطَفِي مِنَ الْمَلَائِكَةِ ...
Қудрати тамоми фариштагон баробар нест ва зарфиятҳои гуногуне доранд. أُولِي أَجْنِحَةٍ مَّثْنَى وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ
Баъзе фармонбардоранд ва баъзе фармондеҳ, вале ҳама маъсум ва амин ҳастанд مُطَاعٍ ثَمَّ أَمِينٍ
Имон ба ҳамаи фариштагон лозим аст, كُلٌّ آمَنَ بِاللّهِ وَمَلآئِكَتِه
Инкори онон дар канори инкори Худованд омадааст.
وَمَن يَكْفُرْ بِاللّهِ وَمَلاَئِكَتِهِ
Фариштагон лашкари Илоҳӣ ҳастанд ва теъдодашонро ҷуз Худованд ҳеҷ кас намедонад.... وَمَا يَعْلَمُ جُنُودَ رَبِّكَ إِلَّا هُو...َ
Фариштагон комилан аз Худованд итоат мекунанд ва ҳарчиро вазифадор шаванд, анҷом медиҳанд ва ҳаргиз нофармонӣ надоранд.
لَا يَعْصُونَ اللَّهَ مَا أَمَرَهُمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ
Онон бар фармони Худованд пешӣ намегиранд ва фақат фармони ӯро амал мекунанд.
لَوْ أَرَدْنَا أَن نَّتَّخِذَ لَهْواً لَّاتَّخَذْنَاهُ مِن لَّدُنَّا إِن كُنَّا فَاعِلِينَ
Итоати онон огоҳона ва бар асоси тақвои Илоҳӣ аст ва дар итоат кори хоссеро интихоб намекунанд, балки ҳар коре, ки ба онон дода шавад анҷом медиҳанд.يَخَافُونَ رَبَّهُم مِّن فَوْقِهِمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ
3. Пайғамбари Ислом (с) фармуд: Офариниши фариштагон, ҳама аз нур аст.«ان الله عزوجل خلق الملائكة من النور»
Худованд ҳеҷ мавҷудеро бештар аз фариштагон халқ накардааст .
« ما من شيئ مما خلق الله اكثر من الملائكة»
4. Имом Содиқ(а) фармуд: Фариштагон, аҳли хӯрдан ва ошомидан ва омезиши ҷинсӣ нестанд. ان الملائكة لا ياكلون و لا يشربون و لا ينكحون
Паёмҳо :
1.Фариштагон бе иҷозаи Худованд коре намекунанд.تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ ... مِّن كُلِّ أَمْرٍ
2.Тақдири ҳама чиз дар шаби Қадр, бо нузул ва ҳузури фариштагон сурат мегирад. تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ ... مِّن كُلِّ أَمْرٍ
3. Тақдири ҳама чиз дар шаби Қадр, гӯшае аз рубубияти Илоҳӣ аст.
بِإِذْنِ رَبِّهِم مِّن كُلِّ أَمْرٍ
سَلَامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ
(Он шаб) то тулӯи фаҷр, (саросар) салом ва дуруд аст.
Нуктаҳо:
1. Салом яке аз номҳои Худованд дар Қуръон аст.
هُوَ اللَّهُ الَّذِي لَا إِلَهَ إِلَّا هُو َ الْمَلِكُ الْقُدُّوسُ السَّلَامُ ...
2. Мурод аз салом дар ин оя, лутф ва инояти хосси Илоҳӣ нисбат ба бандагон дар шаби Қадр аст, ки саломат ва раҳмат ва баракатро дар пай дунбол дорад ва дари бадбахтию азобро мебандад, зеро ҳила ва васвасаи шайтон дар он шаб анҷом намегирад.
3. Дар шаби Қадр, фариштагон ба замин нозил мешаванд ва бар ҳар мард ва зане, ки дар ҳоли ибодат бошад, салом мекунанд. Чунонки дар қиёмат низ бо гуфтани салом ба истиқболи биҳиштиён мераванд:
... سَلَامٌ عَلَيْكُمْ طِبْتُمْ فَادْخُلُوهَا خَالِدِينَ
Паёмҳо:
1. Шаби Қадр шаби саломатии фикр ва руҳи одамӣ ва парвоз ба сӯи Худованди Салом аст. سَلَامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ
2 Шаби Қадр шаби раҳмат аст ва метавон бо тавба, лутфу раҳмати Худовандро ба худ ҷалб кард. سَلَامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ
3. Тақдири ҳама чиз аз сӯи Худованд, бар асоси саодати башар аст, магар он ки инсон худаш саодатро нахоҳад. سَلَامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ
Худоё моро аз савобу фазилати шаби Қадр баҳраманд бигардон ва тақдири моро саломати имон ва оқибати некӯ муқаррар намо. Омин!
«والحمد لله رب العالمين»