Симои сураи Қадр
Сураи Қадр дар Макка нозил шуда ва оёташ кӯтоҳу мавзун аст. Ин сура бо ишора ба нозил шудани Қуръон дар шаби Қадр, оғоз ва бо баёни аҳамияти шаби Қадр назди Худованд ва бартарии он аз ҳазор моҳ, идома меёбад ва бо салом ва дуруди Илоҳӣ дар он шаб поён мепазирад.
Ривоятҳои зиёде дар фазилати хондани ин сура баъд аз сураи “Ҳамд” дар намоз ворид шудааст ва ба касе, ки онро дар намози воҷиб бихонад гуфта мешавад: "غفرالله لك ما مضي فاستانف العمل"
Худованд гузаштаи туро бахшид, пас корҳоятро аз нав оғоз кун.
Имом Ризо (а) фармуд: Касе, ки дар зиёрати қубури мӯъминон сураи Қадрро ҳафт бор бихонад, Худованд он мурдагон ва касеро, ки ин сураро хондааст мебахшад.
بسم الله الرحمن الرحيم
إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ
Ҳамоно мо Қуръонро дар шаби Қадр нозил кардем.
Бидонем
1. Худованд корҳои ҷаҳонро ба воситаи фариштагон анҷом медиҳад. Барои ҳамин дар бисёре аз оёти Қуръон феълҳо ва замирҳои марбут ба Худованд, ба сурати ҷамъ омадааст. Мисли оғози ин сура, ки мефармояд: Мо Қуръонро нозил кардем إِنَّا أَنزَلْنَاهُ .
2. Бар асоси назари муфассирон, Қуръон ду бор нозил шудааст, як бор ба сурати якҷо дар шаби Қадр, ки ин сура ба он ишора дорад ва бори дигар ба сурати оҳиста-оҳиста дар бисту се соли давраи рисолати Пайғамбар(с) .
3. Аз ояи (إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ) ва ояи ( شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِيَ أُنزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ) маълум мешавад, ки шаби Қадр дар моҳи Рамазон аст. Аммо ин ки кадом як аз шабҳои моҳи рамазон аст, дар Қуръон наёмадааст ва дар ривоёт низ ба сурати номуайян омадааст. Чунонки аз Имом Содиқ (а) дар мавриди шаби Қадр пурсиданд, ҳазрат фармуд: “Дар шаби нуздаҳум, бисту якум ва бисту сеюми рамазон ҷустуҷуяш кун”. Албатта маъруф миёни аҳли суннат он аст, ки шаби Қадр шаби бисту ҳафтуми рамазон аст.
Биёмӯзем
1. Шаби Қадр шаби шукргузорӣ ва ташаккур аз Худованд аст, зеро дар он муҳимтарин неъмати Худованд барои башар, яъне Қуръон нозил шудааст.
(إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ)
2. Зарф ва мазруф бояд муносиб бошанд. Беҳтарин китоб дар беҳтарин шаб барои беҳтарин инсон нозил мешавад. (إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ)
«وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ * لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِّنْ أَلْفِ شَهْرٍ»
Ва ту чӣ медонӣ, ки шаби Қадр чист? Шаби Қадр аз ҳазор моҳ беҳтар аст.
Бидонем
1. Калимаи قدر (Қадр) дар Қуръон ба чанд маъно ба кор рафтааст:
а ) Мақом ва манзалат, мисли ояи: (وَمَا قَدَرُواْ اللّهَ حَقَّ قَدْرِهِ) “Он гуна ки бояд, мақом ва манзалати Илоҳиро нашинохтанд”.
б ) Тақдир ва сарнавишт, мисли ояи جِئْتَ عَلَى قَدَرٍ يَا مُوسَى
Эй Мӯсо, ту ба хотири тақдир(-и Илоҳӣ ба ин макони муқаддас) омадаӣ.
в ) Тангӣ ва сахтӣ, мисли ояи ( مَن قُدِرَ عَلَيْهِ رِزْقُهُ) “Касе, ки ризқу рӯзӣ бар ӯ танг ва сахт шавад...”
Ду маънои аввал дар мавриди لَيْلَةِ الْقَدْرِ (шаби Қадр) муносиб аст, зеро шаби Қадр ҳам шаби боманзалат ҳам шаби тақдиру сарнавишт аст.
2. Ҷаҳони ҳастӣ ҳисоб, китоб ва қадру андоза дорад:
وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلاَّ عِندَنَا خَزَائِنُهُ وَمَا نُنَزِّلُهُ إِلاَّ بِقَدَرٍ مَّعْلُومٍ
“Ҳеҷ чиз нест магар он ки хазонаи он назди мо аст ва ҳар чизро ҷуз ба миқдори муайян намефиристем”.
Ҳатто миқдори нузули борон аз осмон ҳисобшуда аст,
(وَأَنزَلْنَا مِنَ السَّمَاءِ مَاءً بِقَدَرٍ) балки ҳар чиз назди ӯ андоза дорад
(وَكُلُّ شَيْءٍ عِندَهُ بِمِقْدَارٍ ). Чунонки Офтоб ва Моҳ аз назари ҳаҷм ва вазн ва ҳаракат ва мадори он, ҳисоб ва китоби дақиқ дорад. ( الشَّمْسُ وَالْقَمَرُ بِحُسْبَانٍ)
3. Худованд дар шаби Қадр, кори як солро тақдир мекунад, чунонки дар ҷои дигар мефармояд: (يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ) “Дар он шаб ҳар кори муҳимме таъйин ва тақдир мешавад”.
Бинобар ин шаби Қадр фақат шаби нозил шудани Қуръон дар замони Пайғамбар(с) нест, балки дар ҳар Рамазон шаби Қадре ҳаст, ки дар он корҳои соли оянда то шаби Қадри баъдӣ андозагирӣ ва муқаддар мешавад.
4. Бедор будан дар шаби Қадр дуо кардан, намозу Қуръон хонданро Пайғамбар(с) ва аҳли байти он ҳазрат супориш кардаанд ва ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) дар ин шаб, ба рӯи бачаҳо об мепошид то хобашон набарад ва савоби ин шабро ба даст оваранд.
Дар ривоятҳо омадааст, ки дар даҳаи охири моҳи Рамазон, Пайғамбар (с) бистари хоби худро ҷамъ мекард ва даҳ шабро бедор мемонд.
5. Дар ҳадисе аз Пайғамбари Акрам (с) мехонем, ки ҳазрати Мусо (а) ба Худо гуфт: Худоё мақоми қурбатро мехоҳам, посух омад, ки қурби ман дар зиндадории шаби Қадр аст » قربي لمن استيقظ ليلة القدر «. Гуфт: Парвардигоро, раҳмататро хосторам, ҷавоб омад, ки раҳмати ман дар тараҳҳум бар мискинҳо дар шаби Қадр аст
رحمتي لمن رحم المساكين ليلة القدر» «. Гуфт: Худоё иҷозаи гузаштан аз пули сирот мехоҳам. Ҷавоб омад, ки рамзи гузаштан аз сирот садақа дар шаби Қадр аст
» ذلك لمن تصدق بصدقة ليلة القدر «. Гуфт: Худоё биҳишт ва неъматҳои онро металабам, посух омад, ки расидан ба он, дар гарави тасбиҳ гуфтан дар шаби Қадр аст. ذلك لمن سبح تسبيحة في ليلة القدر» «. Гуфт: Парвардигоро, хоҳони наҷот аз оташи дӯзах ҳастам. Посух омад, ки рамзи наҷот аз дӯзах, истиғфор дар шаби Қадр аст» ذلك لمن استغفر في ليلة القدر «. Дар поён гуфт: Худоё ризои туро металабам. Посух омад ба касе ризои ман мерасад, ки дар шаби Қадр намоз бихонад.
» رضاي لمن صلي ركعتين في ليلة القدر «
Аз воқеаҳои аҷиби таърихӣ, зарба хурдани ҳазрати Алӣ(а) дар шаби Қадр, ба ҳангоми намоз дар меҳроби ибодат аст. Оре, шери Худо, дар шарифтарин макон, шарифтарин замон ва дар шарифтарин ҳолат шаҳид шуд.
6. Шаб ҷойгоҳи махсусе дар масоили маънавӣ дорад, ки ба чанд мавриди он ишора мекунем:
1. Худованд барои додани Таврот ба ҳазрати Мусо, ӯро ба муноҷоти шабона фаро хонд: » اربعين ليلة «(чиҳил шаб).
2. Қуръон, замони муносиб барои истиғфорро ҳангоми саҳар медонад: » وبالاسحار هم يستغفرون « дар саҳаргоҳон истиғфор мекунанд.
3. Рафтани Пайғамбар(с) ба меъроҷ ҳангоми шаб буд.
» « سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَيْلاً مِّنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ
4. Барои Пайғамбар (с) воҷиб буд, ки муноҷот ва ибодати шабона дошта бошад.» «وَمِنَ اللَّيْلِ فَتَهَجَّدْ بِهِ نَافِلَةً لَّكَ , » قُمِ اللَّيْلَ إِلَّا قَلِيلاً «
5. Худованд аз касоне, ки дар шаб ибодат мекунанд ситоиш мекунад
» يَتْلُونَ آيَاتِ اللّهِ آنَاء اللَّيْلِ « ва ба тасбиҳ гуфтан дар шаб суфориш мекунад » وَسَبِّحْهُ لَيْلاً طَوِيلاً «
7. Худованд дар Қуръон ба замони тулуъи фаҷр ва аср
як бор қасам ёд кардааст, вале ба ҳангоми саҳар се бор
» «وَاللَّيْلِ إِذَا عَسْعَس « وَاللَّيْلِ إِذْ أَدْبَرَ» » وَاللَّيْلِ إِذَا يَسْرِ «
7. Шаби Қадр, як шаби комили кураи замин аст, ки 24 соат мешавад, на он ки махсуси макони хоссе ҳамчун Макка ва он ҳам ба андозаи ҳашт соати шаби он минтақа бошад. Чунонки мурод аз рӯзи иди Фитр, як рӯзи комили кураи замин аст, ки шомили ҳамаи манотиқ мешавад.
8. Пайванди шаби тақдири башар бо шаби нузули Қуръон шояд рамзи он бошад, ки сарнавишти башар вобаста ба Қуръон аст. Агар аз Қуръон пайравӣ кунад, саодатманд ва растагор мешавад ва агар аз Қуръон дурӣ кард, бадбахт хоҳад шуд.
9. Абӯзар мегӯяд: Ба Расули Худо(с) гуфтам: Оё шаби Қадр дар замони дигар пайғамбарон буда ва амр бар онон нозил мешуд ва пас аз он ки аз дунё мерафтанд, нузули амр дар он шаб таътил мешудааст? Ҳазрат(с) фармуданд: Шаби Қадр то қиёмат ҳаст.
10. Шояд рамзи ин ки шаби Қадр махфӣ аст он бошад, ки мардум шабҳои зиёдеро ба ибодат бипардозанд. Касоне, ки як шаби онро дарк кардаанд мағрур нашаванд ва касоне, ки онро дарк накардаанд аз боқии шабҳо ноумед нашаванд.
11. Дар ривоятҳо омадааст: العمل الصالح فيها خير من العمل في الف شهر ليس فيها ليلة القدر
Кори нек дар шаби Қадр, беҳтар аз кори нек дар ҳазор моҳи дигар аст.
Биёмӯзем
(1) Барои корҳои хуб, замони хуб интихоб кунед ليلة القدر خير من الف شهر
(2) Замонҳо яксон нестанд баъзе замонҳо бар баъзе дигар бартарӣ доранд.» لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِّنْ أَلْفِ شَهْرٍ «
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст