Қуръон мӯъҷизаи бузург ва ҷовидони Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) аст, ки барои ҳидояти ҳамаи оламиён омадааст. Бо тааммул дар ин мӯъҷизаи бузург, ки ба сурати як матн ва навиштае омадааст, маълум мешавад, ки ин каломи илоҳӣ барои хондан ва тафаккур ва дарёфти дастури зиндагӣ ва чароғе барои роҳи пурпечу хами зулмонии ин дунё омадааст.

Вагарна чӣ зарурате дошт, ки  мӯъҷизаи бузург ва ҷовидони охирин Паёмбари илоҳӣ ба ин шакл бошад, дар ҳоле ки Паёмбари Акрам(с) мӯъҷизоти бисёри дигаре дошт ва ҳамаи онҳо мақтаӣ ва гузаро буданд, вале Қуръон дастуруламале аст  барои ҳамеша. Аз ин рӯ хондани Қуръон дар ҳар фурсате, ки муяссар бошад лозим ва тиловати он тароватбахши рӯҳу зиндагӣ аст. Худованди Мутаол дар Қуръони Маҷид мефармояд:

 

«فاقرؤا ما تیسرمن القرآن علم ان سیکون منکم مرضی و آخرون یضربون فی الأرض یبتغون من فضل الله و آخرون یقاتلون فی سبیل الله فاقرؤا ما تیسر منه».

»Акнун он чӣ барои шумо муяссар аст, Қуръон бихонед. Ӯ медонад, ки ба зудӣ гурӯҳе аз шумо бемор мешаванд ва гурӯҳи дигар барои ба даст овардани фазли илоҳӣ (ва касби рӯзӣ) ба сафар мераванд ва гурӯҳи дигар дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд (ва аз тиловати Қуръон боз мемонанд), пас ба андозае, ки барои шумо мумкин аст аз он (Қуръон) тиловат кунед« .
Ҳамчуноне ки мебинем, Худованди Мутаол дар ин оятҳо чанд мушкилро зикр мекунад, ки инҳо сабаб мешавад, ки инсон натавонад тиловати Қуръон кунад, вале бо ин ҳол намег
ӯяд, ки хуб агар чунин шуд метавонед Қуръон нахонед, балки мегӯяд: Ба андозае, ки барои шумо мумкин аст, Қуръон бихонед.
Дар аввали ҳамин сура ч
ӣ гунагии тиловати Қуръонро баён мекунад:

«یا أیها المزمل*قم اللیل إلا قلیلا* نصفه أو انقص منه قلیلا(3) أو زد علیه و رتل القرآن ترتیلا(5) إنا سنلقی علیک قولا ثقیلا».

»Эй ҷома ба худ печида!(1) Шабро ҷуз каме ба по хез!(2) Ниме аз шабро ё каме аз он кам кун(3). Ё бар нисфи он бияфзо ва Қуръонро бо диққат ва тааммул бихон!(4) Чаро ки мо ба зудӣ сухани сангин ба ту илқо хоҳем кард! «.
Таъбир ба тартил, ки дар асл ба маънои танзим ва тартиби мавзун аст дар инҷо ба маънои хондани оятҳои Қуръон бо тааннӣ ва назми лозим ва адои саҳеҳи ҳарфҳо ва табйини калимаҳо ва диққат ва тааммул дар мафоҳими оятҳо ва андеша дар натоиҷи он аст.
Рӯшан аст, чунин Қуръон хондане метавонад ба суръат ба инсон рушду нумувви маънавӣ, шаҳомати ахлоқӣ ва тақвову парҳезгорӣ бахшад .
Вале чун Қуръон дар моҳи мубораки Рамазон нозил шудааст, хондани Қуръон дар он аҷру савоби бештаре дорад.
Рамазон моҳе аст, ки дар шаби қадри он, қалби Пайғамбари Акрам (с) ҳамаи Қуръонро аз Амини ваҳй (Ҷабраил) фаро гирифт ва Қуръон аз Лавҳи Маҳфуз бар қалби васеъ ва нуронии бузургтарин пайғамбарон мунъакис шуд; моҳе, ки ҳамаи мо бо рӯза гирифтан ва ибодат ва муноҷот ва дуо бо заминасозӣ ва омодагии маънавӣ ба истиқболи дарёфти Қуръон меравем.
Рӯза агарчӣ ибодати муҳиме аст ва дорои савоби бисёр, аммо муқаддамае барои расидан ба марҳилаи тақво аст:

«یا أیها الذین ءامنوا کتب علیکم الصیام کما کتب علی الذین من قبلکم لعلکم تتقون».

»Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо муқаррар шудааст, ҳамон гуна, ки бар касоне, ки пеш аз шумо (буданд) муқаррар шуда буд, бошад, ки парҳезгорӣ кунед « .
Аммо он чӣ аз таолими дини Ислом бармеояд ин аст, ки ҳидояти комили яқинӣ вобаста ба баҳрамандӣ аз Қуръон аст:

«الم ذلک الکتاب لا ریب فیه هدی للمتقین».

»Алиф, Лом, Мим, ин китобе аст, ки дар (ҳаққонияти) он ҳеҷ шакку тардиде нест (ва) сабаби ҳидояти тақвопешагон аст «.
Аз ин р
ӯ фазилати муҳими моҳи Рамазон, ба нузули Қуръон дар ин моҳ аст:

«شهر رمضان الذی أنزل فیه القرآن هدی للناس».

»Моҳи Рамазон моҳе аст, ки дар он Қуръон фурӯ фиристода шудааст, ки мардумро роҳбар аст «.
Дар моҳи мубораки Рамазон мехоҳем дар сояи осори пурбаракати р
ӯзаи холис ва ибодатҳо ва дуоҳои ҳамроҳи он робитаи худро бо Қуръон наздиктар кунем ва тасмим бигирем, ки риштаи робитаи мо бо Қуръон ҳамвора устувортар ва маҳкамтар гардад. Қуръон рӯҳи моҳи Рамазон аст, ки дар колбуди он дамида шуда ва арзиш ва азамати онро чанд баробар кардааст. Қуръон қалби моҳи Рамазон аст, ки бидуни ин қалб ва тапиши он ҷавҳараи ҳақиқат дар рагҳои ҳаёти маънавии рӯзудорон ба ҷараён намеафтад. Қуръон баҳори дилҳо ва моҳи Рамазон баҳори Қуръон аст чунон, ки Имом Муҳаммади Боқир(а) фармуд: »Барои ҳар чиз баҳоре аст ва баҳори Қуръон моҳи Рамазон аст«. Ва ҳазрати Алӣ (к) дар шаъни Қуръон фармуд: »Дар Қуръон бияндешед, ки баҳори дилҳост«. Аз ин рӯ бояд гуфт, ки бахши бузурги баракатҳои моҳи Рамазон дар робита бо Қуръон аст ва дар ин моҳ бояд донаи дастурҳои нуронии Қуръонро дар киштзори дилҳо бикорем, то рушду нумув кунад ва саранҷом меваи Қуръонро дар ин моҳ барои ғизои рӯҳ бигирем ва қуввати қалбамонро дар партави баракатҳои қуръонии ин моҳ бима намоем ва чунин баҳрабардорӣ ҷуз аз роҳи унси ҳақиқӣ бо Қуръон ба даст нахоҳад омад. Рӯзадорони мӯъмин дар ин моҳ меҳмони Худо ҳастанд ва дар канори суфраи пурбаракати Қуръон нишастаанд ва бинобар ин бояд бо тиловати Қуръон унс бигиранд ва бо тадаббур дар оятҳои Қуръон ва баҳрагирии фикрӣ ва амалӣ аз мафоҳими Қуръон бар рушду такомули малакутии худ бияфзоянд. Бар ҳамин асос, Пайғамбар(с) дар хутбаи Шаъбония, ки дар охирин ҷумъаи моҳи Шаъбон гуфтааст, фармуд:

«هو شهر دعیتم فیه إلی ضیافة الله... و من تلا فیه آیة من القرآن کان له مثل أجر من ختم القرآن فی غیره من الشهور».

»Моҳи Рамазон моҳе аст, ки шумо дар он ба меҳмонии Худованд даъват шудаед... Касе, ки аз шумо як ояти Қуръонро дар ин моҳ бихонад подошаш баробари хатми Қуръон дар моҳҳои дигар аст«.
Аз ин рӯ робитаи хоссе байни Қуръон ва моҳи Рамазон вуҷуд дорад. Ҳамон тавре ки дар фасли баҳор олами табиат ва инсон шодобии хос ва ҳаёти наве пайдо мекунад, Қуръон низ баҳори дилҳост, ки бо хондан ва ёдгирӣ ва фаҳмидани маорифи он, дилҳо ҳамвора зиндагии тоза меёбад.
Шахсе аз Имом Содиқ(а) пурсид: Дар чанд р
ӯз муносиб аст Қуръон хатм шавад? Дар ҷавоб фармуданд: “Дар шаш рӯз ва болотар аз он “. Дубора пурсид дар моҳи Рамазон чӣ? Фармуданд: “Дар се рӯз ва болотар аз он”.
Гуфтанӣ аст, ки бояд зимни хондани Қуръон ба ҳалолу ҳароми он таваҷҷӯҳ намуд. Чӣ басо афроде ҳастанд, ки дар моҳи Рамазон чандин хатми Қуръон мекунанд, аммо зиндагиашон бо меъёрҳои қуръонӣ созгор нест.

Таҳияи Мустафои Алӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст