Худои Мутаол дар ояти 21 сураи Нур мефармояд:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لَا تَتَّبِعُواْ خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ وَمَن يَتَّبِعْ خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ فَإِنَّهُ يَأْمُرُ بِالْفَحْشَآءِ وَ الْمُنْكَرِ وَ لَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَ رَحْمَتُهُ مَا زَكَى مِنكُم مِّنْ أَحَدٍ أَبَدَاً وَ لَكِنَّ اللَّهَ يُزَكِّى مَن يَشَآءُ وَ اللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, аз қадамҳои шайтон пайравӣ накунед. Ва ҳар кас пайрави қадамҳои шайтон шавад, (бояд бидонад, ки) дар ҳақиқат ӯ ба фаҳшо ва мункар фармон медиҳад. Ва агар фазл ва раҳмати Худованд бар шумо набуд, ҳаргиз ҳеҷ як аз шумо пок намешуд, вале Худованд ҳар касро бихоҳад, пок месозад ва Худо шунавои доност.
Бидонем
«Хутувот» ҷамъи «хутва» ба маънои қадам аст. Қуръони Карим дар масъалаи чигуна гумроҳ ва васваса кардани шайтон, иборати «қадамҳои шайтон»-ро ба кор бурдааст то бигӯяд, ки шайтон қадам ба қадам ва марҳила ба марҳила инсонро ба сӯи гуноҳ ва гумроҳӣ мекашонад. Намунаи қадамҳои васвасаи шайтон иборат аст аз: дӯстӣ бо афрод фосиду гунаҳкор, ширкат дар маҷолиси онон, анҷоми гуноҳони майда ва пас аз он гуноҳони бузург ва дар ниҳоят сангдилӣ ва бадоқибатӣ ва саранҷом бабдбахтӣ
Биёмӯзем
1. Худо барои мӯъминон барнома танзим кардааст.
2. Мӯъминон бояд барномаи худро бидонанд ва ба он амал ва дигаронро ҳам даъват кунанд.
3. Роҳи узр боқӣ намондааст. Бояд аз Қуръони Карим ва суннату сираи ҳақиқии Расули Худо (с) ва пешвоёни ҳидояти уммат ва уламои раббонӣ барномаро ёд бигирем, вагарна шайёдоне бо либоси дину эҳсоси ғамхорӣ барои мӯъминон барномаи шайтонӣ танзим ва амалӣ мекунанд.
4. Имон масъулият меорад. Имон фақат иддао нест.
5. Мӯъмин душмани қасамхӯрда ба номи шайтон дорад. Шайтонҳо инсӣ ва ҷиннӣ ҳастанд.
6. Мӯъмин бояд душманшинос бошад ва аз хатари васвасаҳои ӯ дурӣ кунад.
7. Худо мӯъминонро аз пайравии шайтон манъ кардааст. Пас имон бо итоат аз шайтон созгор нест.
8. Ба имони худ мағрур нашавем ва ба ҳушдорҳои пай дар пайи Худои меҳрубони доно диққат ва амал кунем.
9. Шайтон барои гумроҳ кардани мӯъминон талош ва аз роҳҳои гуногун истифода мекунад.
10. Сиёсати шайтон нуфуз ва гумроҳ кардани тадриҷӣ ва қадам ба қадам ва марҳила ба марҳила аст. Аз Худо бихоҳем, ки хишти аввали гирифторӣ дар доми шайтонро нагузорем, ки баъд халосӣ сахт аст.
11. Роиҷ кардани фаҳшо, фисқу фуҷур ва корҳои баду гуноҳ аз қадамҳо ва хостаҳои шайтонӣ аст. Вақте гуноҳ дар ҷомеа ривоҷ пайдо кард имону диндорӣ ва ёди Худо камранг мешавад.
12. Бо мардум бо далел сухан бигӯем. Худованд мефармояд: Аз шайтон пайравӣ накунед, чунки ӯ шуморо ба гуноҳ ва гумроҳӣ фармон медиҳад.
13. Шайтон аввал қадам ба қадам васваса мекунад ва ба ҳар кас, ки аз васвасаи ӯ пайравӣ кунад фармон медиҳад. Инсон ба ҷое мерасад, ки намоянда ва сухангӯи шайтон мешавад. Ҳамеша аз мӯъминон ва Ислом бадгӯӣ мекунад.
14. Кори шайтон бо намоз зид аст чун шайтон ба инсон дастури гуноҳ медиҳад, аммо намоз, ки ёди Худост инсонро аз гуноҳ боз медорад. Пас бояд барои пойдорӣ дар муқобили васавасҳои шайтонҳои инсонӣ ва ҷиннӣ ба ёди Худо ва намох паноҳ барем.
15. Тазкия ва покиву рушд бе тавфиқи Худо имкон надорад. Касоне, ки ба қудрат, сарват, шӯҳрат ва қавми хеш бар асоси ботил менозанд ва такя мекунанд аз ҳақиқат ва саодат дуранд.
16. Инсон, махсусан мӯъмин ҳамеша ба лутфу кӯмаки Худованд ниёз дорад.
17. Дар роҳи зиндагии инсон фиребу фаҳшо вуҷуд дорад, вале роҳи тавба ва наҷот низ боз аст.
18. Ҳатто авлиёи Худо ба тавфиқи Худо ниёз доранд.
19. Худованди ҳаким ба миқдори лаёқат ва зарфияти афрод, хайру саодат медиҳад.
20. Илм ба ин ки Худо ҳама чизро мебинад ва мешунавад, беҳтарин омили боздоранда аз фаҳшо ва мункарот аст.
21. Меъёрҳоро бар асоси Қуръон бидонем ва худ ва дигаронро бо он арзёбӣ кунем.
22. Имон ба иддао ва забонбозӣ нест, балки ба амал ва паноҳ бурдан ба Худост.
23. Ба Худо такя кунем ва аз ӯ кӯмак бихоҳем, чун донои шунаво ва тавоно ва соҳиби фазлу бахшиш аст.