Худои Мутаол дар ояти 104 сураи Бақара мефармояд:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لاَ تَقُولُواْ رَاعِنَا وَ قُولُواْ انظُرْنَا وَاسْمَعُوا ْوَ لِلكَافِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, (ба Паёмбар) нагӯед: “Роъино” ( муроотамон кун), балки бигӯед: “Унзурно” (моро дар назар бигир). Ва (ин тавсияро) бишунавед ва барои кофирон азоби дардноке аст.
Бидонем
Баъзе аз мусулмонон барои ин ки суханони Паёмбарро хуб дарк кунанд дархост мекарданд, ки он ҳазрат бо оромӣ ва риояти ҳоли онон сухан бигӯяд. Ин дархостро бо калимаи “Роъино яъне муроотамон кун” мегуфтанд. Вале чун ин ҷумла дар урфи яҳуд навъе душманӣ фаҳмида мешуд оят нозил шуд, ки ба ҷои “Роъино” бигӯянд: “Унзурно” яъне моро дар назар бигир то душман сӯиистифода накунад.
Ин аввалин оят аз аввали Қуръон аст, ки бо хитоби “Эй касоне, ки имон овардаед ” шуруъ мешавад. Дар Қуръон ин хитоб зиёда аз ҳаштод бор омадааст, ки дар ин маҷмӯъа бо онҳо ошно хоҳем шуд.
Биёмӯзем
1. Худованд барномаи зиндагии мӯъминонро танзим кардааст.
2. Мӯъминон бояд бо барномаи таъинкардаи Худо огоҳ шаванд ва саъй кунанд бар асоси он амал кунанд.
3. Мӯъмин бояд гуфтанҳо ва нагуфтанҳояш ҳисобшуда бошад.
4. Имон масъулият меорад. Мӯъмин ҳақ надорад ҳар суханеро ҳар ҷо, ҳар хел ва бо ҳар кас бигӯяд.
5. Ба инъикоси суханон диққат кунед. Мумкин аст афроде бо нияти хуб сухан бигӯянд, вале бояд бозтоби инро низ дар назар дошта бошанд.
6. Душман тамоми ҳаракатҳо ҳатто калимаҳои моро зер назар дорад ва мехоҳад аз ҳар фурсате баҳра барад ва зарба бизанад.
7. Дини Ислом ба интихоби калимаҳои муносиб, баёни санҷида ва чигуна матраҳ ва баён кардани матлаб диққат дорад.
8. Ҳар сухан ва амале, ки боиси баҳона ёфтани душман барои сиёҳнамоӣ шавад мункар аст ва аз он манъ шудаем.
9. Масъалаи гуфторро ҷиддӣ бигиред.
10. Бояд дар сухан гуфтан бо бузургон ва муаллим адаби гуфтор риоят шавад.
11. Агар дигаронро суфориш ба риояти адаб мекунем, бояд аввал худамон дар сухан бо мардум адабро риоят кунем. Худо дар ин оят мӯъминонро бо эҳтиром хитоб кардааст.
12. Агар аз чизе манъ мешавад бояд барои он ҷойгузини муносибе баён шавад.
13. Риояти ин дастур нишонаи имон ва сарпечӣ аз он ва амал накардан ба он куфру носипосӣ аст.
14. Оқибати касоне, ки куфрро интихоб мекунанд азоби дарднок аст.
15. Кофирон ҳамеша ба дунболи баҳонагирӣ ва озору азият ва дарду алами мӯъминон ҳастанд ва онҳоро азоби дарднок мунтазир аст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст