Худои Мутаол дар ояти 12 сураи Таҳрим мефармояд:
وَمَرْيَمَ ابْنَتَ عِمْرَانَ الَّتِى أَحْصَنَتْ فَرْجَهَا فَنَفَخْنَا فِيهِ مِن رُّوحِنَا وَ صَدَّقَتْ بِكَلِمَاتِ رَبِّهَا وَكُتُبِهِ وَكَانَتْ مِنَ الْقَانِتِينَ
Ва (Худованд ба) Марям духтари Имрон (низ масал задааст.) Зане, ки домани хешро (аз гуноҳ) ҳифз кард. Пас мо аз рӯҳи худ дар ӯ дамидем (то Исо аз ӯ таваллуд шуд) ва калимоти Парвардигораш ва китобҳои осмониро тасдиқ кард ва аз итоатпешагон буд.
Бидонем
Аҳсанат аз «ҳисн» ба маънои қалъа ва дар мавриди занон рамзи иффат ва покдоманӣ аст.
Дар ин оят чаҳор камол барои ҳазрати Марям (а) баён шудааст: покдоманӣ, нафхи рӯҳи Илоҳӣ, тасдиқи паёмбарон ва китобҳои осмонӣ ва итоати комил аз Худо.
Аз Паёмбари Аъзам (с) нақл шудааст, ки занони комил чаҳор нафаранд: Осия зани Фиръавн, Марям духтари Имрон, Хадиҷа духтари Хувайлид ва Фотима духтари ҳазрати Муҳаммад (с). Сунани Тирмизӣ, бобу фазли Хадиҷа (разияллоҳу анҳо), ҳадиси 3904, саҳ. 1098
Ҳазрати Марям танҳо зане аст, ки номаш дар Қуръони Карим омадааст, ки 31 мартаба дар дувоздаҳ сура аз ӯ ном бурда шуда, ки 12 бори он ба сурати Исо ибни Марям аст ва як сураи Қуръон ба номи ӯст.
Сармашқ бояд мухталиф бо шароит ва муҳитҳои гуногун бошад то қобили татбиқ бо ҳар кас ва ҳар замону шароит мухталиф бошанд: зани Фиръавн ва ҳазрати Марям, ҳазрати Иброҳим ва ҳазрати Муҳаммад (а)
Худованд аз покон дифоъ мекунад. Ба ҳазрати Марям (а) тӯҳмати нопокӣ заданд Худованд дар Қуръон ду бор фармуд: Ӯ покдоман аст. Анбиё, 91 ва Таҳрим, 12.
Биёмӯзем
1. Қуръон ҳазрати Марямро ба унвони намунаи покдоманӣ барои мардону занони мӯъмин баён кардааст.
2. Арзиши зан ба покдомании ӯст.
3. Қадами аввалро бояд инсон бардорад, онгоҳ лутфу раҳмати Худо сарозер мешавад.
4. Фарзанди пок аз домони пок бармехезад.
5. Амал ба аҳком ва дастуроти Худо беҳтарин тасдиқи онҳост.
6. Хузӯъ ва хушӯъ дар ибодати Худованд бояд бо тасдиқ гуфторӣ бошад.