Худои Мутаол дар ояти ёздаҳуми сураи Таҳрим мефармояд:
وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا لِّلَّذِينَ آمَنُواْ امْرَأَتَ فِرْعَوْنَ إِذْ قَالَتْ رَبِّابْنِ لِى عِندَكَ بَيْتاً فِى الْجَنَّةِ وَنَجِّنِى مِن فِرْعَوْنَ وَعَمَلِهِ وَنَجِّنِى مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ
Ва Худованд барои касоне, ки имон овардаанд, ба ҳамсари Фиръавн масал задааст. Он гоҳ ки гуфт: Парвардигоро, барои ман назди хеш дар биҳишт хонае бисоз ва маро аз Фиръавн ва кирдори ӯ наҷот бидеҳ ва маро аз гурӯҳи ситамгар раҳоӣ бахш! Биёмӯзем
1. Зан метавонад намунаи ҳамаи мӯъминон шавад.
2. Муқоисаи намунаҳо яке аз равишҳои тарбият аст. Дар ояти 10 ду зани намуна барои кофирон ва дар оятҳои 11 ва 12 ду зани намуна барои мӯъминон омадааст.
3. Фишори муҳит ва ҷомеа, вобастагии иқтисодӣ, зан будан, хостаи ҳамсар ва тарс аз оворагӣ далел ва узри бединӣ намешавад.
4. Барои тамом шудани ҳуҷҷат ва бартараф кардани узр як намуна ҳам кофӣ аст.
5. Сухани аввалро иродаи инсон мезанад на чизҳои дигар.
6. Мубориза бо тоғут ва ҳокими золим бо дуо зид нест. Ҳам мубориза кунем ва ҳам дуо.
7. Наҷот аз тоғут мадади илоҳӣ ва заминаҳои маънавӣ мехоҳад.
8. Муҳимтар аз биҳишт наздик шудани маънавӣ ба Худост.
9. Имон сабаби нафрат аз ситамгарон аст. Зани Фиръавн ба хотири имоне, ки дошт аз тамоми рафторҳои фиръавнӣ нафрат дошт.
10. Итоати зан аз мард дар ақида лозим нест, балки гоҳе бояд мавзеъ бигирад.
11. Равобити хонаводагӣ марз дорад ва ҳамин ки ба инҳироф ва куфр расид бояд тағйир кунад.
12. Безорӣ аз куфр ва кофир шарт ва нишонаи имон аст.
13. Ибрози танаффур ва инзиҷор аз дигарон бояд меъёри ақлӣ ва шаръӣ дошта бошад.