Худои Мутаол дар ояти ҳаштуми сураи Таҳрим мефармояд:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ تُوبُواْ إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَّصُوحاً عَسَى‏ رَبُّكُمْ أَن يُكَفِّرَ عَنكُمْ سَيِّئَاتِكُمْ وَيُدْخِلَكُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ يَوْمَ لَا يُخْزِى اللَّهُ النَّبِىَّ وَالَّذِينَ آمَنُواْ مَعَهُ نُورُهُمْ يَسْعَى‏ بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَ بِأَيْمَانِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَآ أَتْمِمْ لَنَا نُورَنَا وَاغْفِرْ لَنَآ إِنَّكَ عَلَى‏ كُلِّ شَىْ‏ءٍ قَدِيرٌ
Эй касоне, ки имон овардед, ба даргоҳи Худо тавба‏и холисона кунед. Умед аст, ки Парвардигоратон бади‏ҳои шуморо бипӯшонад ва шуморо ба биҳишт‏ҳое, ки наҳрҳо аз зери онҳо ҷорӣ аст ворид кунад. Рӯзе, ки Худованд паёмбар ва касонеро, ки ба ӯ имон овардаанд хор накунад (дар ҳоле ки) нурашон пешопеши онҳо ва аз сӯи росташон мешитобад, мегӯянд: Парвардигоро, нури моро комил кун ва моро биёмӯрз, ҳамоно ту бар ҳар чиз тавоноӣ.
Биёмӯзем
1. Худованд барои мӯъминон барнома дорад.
2. Мӯъмин бояд бо барномаи худ ошно шавад ва ба он амал кунад.
3. Дар оятҳои гузашта Худованд фармон дод, ки худро аз оташи дӯзах ҳифз кунед, инак яке аз роҳҳои онро тавбаи воқеӣ медонад.
4. Гоҳе аз мӯъмин гуноҳ сар ме‏занад, ки бояд тавба кунад.
5. Тавба бояд ба даргоҳи Худо бошад, на фош кардани гуноҳ назди бандагон.
6. Яке аз вазифаҳои мӯъмин тавба аз гуноҳ аст.
7. Тавба бояд холисона ва содиқона бошад на фақат забонӣ.
8. Тавба замон ва макони хос надорад.
9. Барои ташвиқ ба тавба бояд мардумро ба раҳмати Худо умедвор кард.
10. Пазириши тавба кори мураббӣ аст.
11. Нопок ва палид дар биҳишт ҷой надорад. Аввал пок шавем сипас ба биҳишт дароем.
12. Натиҷаи тавба ду чиз аст: маҳви гузашта ва таъмини оянда.
13. Имон ба Паёмбар кофӣ нест, бояд пайрав ва ҳамроҳи ӯ бошем.
14. Амали солеҳи дунё дар қиёмат ба сурати нур зоҳир ме‏шавад.
15. Касоне, ки дар дунё дунбол ва пайрави нур (Расул ва китоби Худо) ҳастанд дар охират ғарқи нуранд.
16. Дар қиёмат низ такомул ҳаст. Мӯъминон дар он рӯз ба фикри комил шудани нури худ ҳастанд.
17. Мӯъминони воқеӣ дар фикри резиш ва коҳиши бади‏ҳо ва рӯишу ҷаҳиши хуби‏ҳо ҳастанд.
18. Умед ба қабул шудани дуо аз қудрати бениҳояти Худо сарчашма мегирад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст