Худои Мутаол дар ояти даҳуми сураи Таҳрим мефармояд:
ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ امْرَأَتَ نُوحٍ وَامْرَأَتَ لُوطٍ كَانَتَا تَحْتَ عَبْدَيْنِ مِنْ عِبَادِنَا صَالِحَيْنِ فَخَانَتَاهُمَا فَلَمْ يُغْنِيَا عَنْهُمَا مِنَ اللَّهِ شَيْئاً وَقِيلَ ادْخُلَا النَّارَ مَعَ الدَّاخِلِينَ
Худованд барои касоне, ‏ки куфр варзиданд, ҳамсари Нӯҳ ва ҳамсари Лутро мисол задааст, ки ин ду зан ҳамсари ду бандаи солеҳ аз бандагони мо буданд, вале ба он ду хиёнат карданд. Пас дар баробар (муҷозоти)-и Худованд он ду паёмбар ба ҳоли ду зан ҳеҷ суде надоштанд ва ба он ду зан гуфта шуд: Ба оташи дӯзах дароед ҳамроҳи касоне, ки медароянд.
Биёмӯзем
1. Зан ме‏тавонад намунаи фасод ё салоҳ дар тӯли таърих бошад.
2. Аз беадабон ме‏тавон адаб омӯхт.
3. Зан дар ақида ва амал озод аст. Вобастагии хонаводагӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ӯро маҷбӯр наме‏кунад.
4. Бандагии Худо ва шоистагӣ роҳи расидан ба дараҷаҳои боло аст.
5. Ҷараёни куфру нифоқ ҳатто дар хонаи анбиё (а) нуфуз ме‏кунад.
6. Бандагӣ ва ибодат замоне арзиш дорад, ки бо амал солеҳ бошад.
7. Дар низоми хонаводагии динӣ сарпарастӣ ва мудирият бо мард аст.
8. Вобастагони фосид зарбае ба исмат ва адолати раҳбарони осмонӣ наме‏зананд.
9. Хиёнат ба роҳи Худо инсонро ба ҷое мерасонад, ки ҳатто шафоати анбиё(а) суде надорад.
10. Ҳеҷ чизе наметавонад монеи қаҳру азоби Худо шавад.
11. Саранҷоми хоин дӯзах аст.
12. Худованд намунаҳои хубу бадро бар асоси меъёр баён кардааст. Мӯъминон бояд онро ҷиддӣ бигиранд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст