Худои Мутаол дар ояти панҷуми сураи Таҳрим мефармояд:
عَسَى رَبُّهُ إِن طَلَّقَكُنَّ أَن يُبْدِلَهُ أَزْوَاجاً خَيْراً مِّنكُنَّ مُسْلِمَاتٍ مُّؤْمِنَاتٍ قَانِتَاتٍ تَآئِبَاتٍ عَابِدَاتٍ سَآئِحَاتٍ ثَيِّبَاتٍ وَأَبْكَاراً
Агар Паёмбар шуморо талоқ диҳад, умед аст, ки Парвардигораш ҳамсаронеро, ки дар ислом, имон, фармонбарӣ, тавба кардан, ибодат, рӯза, бева ё дӯшиза будан аз шумо беҳтаранд барои ӯ ҷонишин созад.
Бидонем
«Қунут» ба маънои итоат бо фурутанӣ ва «соиҳот» аз саёҳат ба маънои аҳли ҳиҷрат ва рӯза аст.
Паёмбари Акрам( с) ҳамсарони зиёде дошт ва бархе аз онон боиси озори ҳазрат мешуданд. Нигаҳдории онҳо ба маънои ниёзи Паёмбари Акрам (с) ва муҳим будани онон нест, балки чӣ басо афроде беҳтар ва лоиқтар аз онон вуҷуд дорад, ки орзуи ҳамсарии паёмбарро доранд.
Имон, тавозӯъ, тавба, ибодат ва рӯза дар як нафар ҷамъ мешавад, вале бокира ва бева будан дар як нафар ҷамъ намешавад, аз ин рӯ миёни ин ду сифат ҳарфи ва омадааст.
Он чӣ муҳим аст ва арзиш дорад имон, тавозӯъ, тавба, итоат, ибодат ва рӯза аст на шакл, қабила, сармоя ва шӯҳрат.
Издивоҷ бо бева дар канори бокира омада то ба Паёмбари Аъзам (с) нисбат комёбии ҷинсӣ дода нашавад.
Биёмӯзем
1. Инсон ниёз ба ҳамсар дорад ва дар сурати талоқ метавонад ҷойгузин кунад.
2. Муқобила бо ҳамсар ва узрхоҳӣ накардан ва пушаймон нашудан, мумкин аст занро то марзи талоқ ва ҷудоӣ пеш бибарад.
3. Яке аз қавитарин роҳ дар баробари тавтеаи занон таҳдид ба талоқ аст.
4. Тамоми занони Паёмбари Акрам (с) беҳтарин занони асри худ набуданд.
5. Ғурури дурӯғини афродро бишканед ва дар баробари пиндорҳои ботил биистед.
6. Арзиши воқеии зан ба камолоти ӯст.
7. Ақида пеш ва бартар аз амал аст. Аввал ислому имон сипас ибодату рӯза.
8. Имону ибодати зан муҳимтар аз бокира ё бева будани ӯст.
9. Меъёрҳои бартарро аз Қуръони Карим биёмӯзем.
10. Худованд ҳатто дар табдили занонаш ба Паёмбар кӯмак мекунад ва беҳтаринҳоро барояш интихоб мекунад.