Худои Мутаол дар ояти 10 сураи Талоқ мефармояд:
أَعَدَّ اللَّهُ لَهُمْ عَذَاباً شَدِيداً فَاتَّقُواْ اللَّهَ يَآ أُوْلِى الْأَلْبَابِ الَّذِينَ آمَنُواْ قَدْ أَنزَلَ اللَّهُ إِلَيْكُمْ ذِكْراً
Худованд барои онон (ки аз фармони Худо ва Расули Худо сарпечӣ кунанд) азоби сахт омода кардааст. Пас эй хирадмандон, ки имон овардаед, тақвои Худо пеша кунед. Дар ҳақиқат Худованд ёдовар барои шумо фиристодааст.
Биёмӯзем
1. Азоби сахти Худо барои мункирон ва мухолифони ҳаққу ҳидоят омода аст.
2. Мункирон ва мухолифони ҳаққу ҳидоят бо Худо сару кор доранд. Касоне, ки дар дунё аз азобу таҳдиди ҳокимони золими нотавон ва саргардон меларзанд оё аз Худои соҳиби ҳастӣ набояд битарсанд ва барномаи ӯро набояд ҷиддӣ бигиранд?
3. Ҳисоби сахти Худо азоби сахт ба дунбол дорад.
4. Он чи инсонро аз ҳисоб ва азоби сахт наҷот медиҳад тақвои Худост.
5. Аз ҳисобу азоби сахти Худо фақат бояд ба Худо паноҳ бурд.
6. Хирадманди ҳақиқӣ касе аст, ки тақвои Худо дошта бошад.
7. Ақл ва имон аз якдигар ҷудо нест. Одами оқил мӯъмини парҳезкор аст.
8. Барои ташвиқи мардум ба анҷоми фармони Худо аз камолоти онҳо ном бибаред.
9. Танҳо хирадмандони мӯъмин аз китоб ва Расули Худо истиқбол карда аз тазаккурот ва ёдовариву панди ӯ баҳраманд мешаванд.
10. Ҳадаф аз барангехтани анбиё (а) ва фиристодани китобҳои осмонӣ ёдоварӣ ва бедории мардум аст.
11. Ақл аз дарун ва ваҳй аз берун василаҳои наҷоти инсонанд.
12. Худо ҳуҷҷатро тамом кардааст. Ин мо ҳастем, ки бояд роҳи наҷотро интихоб кунем ва ба фармудаи Худо –китоби Худо ва Расули Худо (с)- амал кунем. Худо барномаи инсонҳоро танзим кардааст.