Худои Мутаол дар ояти 8 ва 9 сураи Талоқ мефармояд:
وَكَأَيِّن مِّن قَرْيَةٍ عَتَتْ عَنْ أَمْرِ رَبِّهَا وَرُسُلِهِ فَحَاسَبْنَاهَا حِسَاباً شَدِيداً وَعَذَّبْنَاهَا عَذَاباً نُّكْراً فَذَاقَتْ وَبَالَ أَمْرِهَا وَكَانَ عَاقِبَةُ أَمْرِهَا خُسْراً
Ва чӣ бисёр аҳли минтақаҳое, ки аз фармони Парвардигори худ ва фиристодагонаш сар боз заданд, пас мо сахт ба ҳисоби онон расидем ва ба азоби ношинохта азобашон кардем! Пас онон самараи талхи кори худро чашиданд ва саранҷоми корашон хасорат ва зиён буд.
Бидонем
«Қаря» ба маънои маҳалли ҷамъ шудани мардум барои зиндагӣ аст, хоҳ шаҳр бошад ё деҳа. "Атав" ба маънои сарпечӣ аст. «Вабол» ба маънои шиддат ва сангинӣ аст ва мақсад азоби сахт аст.
Дар оёти гузашта дастуроте дар бораи ҳуқуқи зан ва фарзанд ҳатто дар айёми ҷудоӣ баён шуд. Ин оят ме‏фармояд: Амал ба дастуротро ҷиддӣ бигиред, ки сарпечӣ аз фармони Худо ва Расули Худо ҳисоб ва азоби сахт дар пай дорад. Намуна‏ҳои бисёре дар таърих вуҷуд дорад.
Биёмӯзем
1. Сарнавишти гузаштагон оинаи ибрати ояндагон аст.
2. Азобшудаҳо каме нестанд ибратгир кам аст.
3. Қонуни Худованд бар кайфари сахти касоне аст, ки аз фармони Худо ва Расули Худо сарпечӣ мекунанд.
4. Парвардигор шуморо дӯст дорад ва мехоҳад шуморо дуруст тарбият кунад ва ба саодат бирасонад, бин бар ин сарнавишти нофармонҳо ва саранҷоми зиёнбори онҳоро бароятон мегӯяд то шумо он роҳро наравед.
5. Сарпечӣ аз фармони анбиё(а) нофармонии Худост.
6. Ҳамаи ҳастӣ дар чанги Худост. Ӯ ба ҳисобу китоби ҳама сари вақт ва ба ҳақ мерасад.
7. Ҳеҷ кас наметавонад аз азоб ва муҷозоти Худо бигурезад.
8. Азобҳои Худо ношинохта аст. Қудратмандону сарватмандони мағруру мутакаббир ва нофармон фикр накунанд, ки Худо бо онҳо коре надорад. Онҳо намедонанд, ки кай ва чигуна муҷозот мешаванд.
9. Азоби дунё ҳарчӣ қадар сахт бошад дар муқоиса бо азоби қиёмат ба андозаи чашидан аст.
10. Саранҷоми сарпечӣ аз фармони Худо ва Расули Худо хасорат ва зиён аст.
11. Ба комёби‏ҳои зудгузар наяндешем ва мағрур нашавем, балки поёни корро дар назар бигирем ва оқилона иқдом кунем.
12. Чаро ба ихтиёри худ фурсатро барои зиён дидан ва бадбахтӣ сипарӣ мекунед?
13. Охирбин будан муҳим ас вагарна ҳайвонҳо ҳам охурбин ҳастанд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст