Худои Мутаол дар ояти 7 сураи Талоқ мефармояд:
لِيُنفِقْ ذُوسَعَةٍ مِّن سَعَتِهِ وَمَن قُدِرَ عَلَيْهِ رِزْقُهُ فَلْيُنفِقْ مِمَّآ ءَاتَاهُ اللَّهُ لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْساً إِلَّا مَآ آتَاهَا سَيَجْعَلُ اللَّهُ بَعْدَ عُسْرٍ يُسْراً
Бояд ҳар кас‏е, ки тавони молӣ дорад, ба андозаи тавонаш нафақа диҳад ва касе ‏ки рӯзӣ бар ӯ танг шуда, бояд аз он чи Худованд ба ӯ дода (ба андозаи тавони худ) нафақа диҳад, зеро Худо ҳеҷ‏ касро ҷуз ба андоза он чи ба ӯ додааст, таклиф наме‏кунад. Ба зудӣ Худованд пас аз сахтӣ осонӣ ва фарохӣ падид меоварад.
Бидонем
Фармони ин оят, ки ҳар касе ба қадри тавонаш ба ҳамсараш инфоқ кунад, айёми идда ва шир додани ҳамсари талоқшуда ва ҳар замони дигарро дар бар мегирад.
Биёмӯзем
1. Меъёр андозаи харҷи зиндагӣ тавони молии мард аст, на танг‏назари‏ҳои мард ва ё хоста‏ҳову орзуҳои зан.
2. Аз тарси оянда имрӯзро сахт нагиред ва аз он чӣ Худо ба шумо додааст бо барнома харҷ кунед.
3. Ҳатто дар шароити талоқ ҷавонмардиро аз даст надиҳед.
4. Шарти нафақаи зан дӯст доштани ӯ нест, балки вазифаи мард аст ва бояд нафақаи зани талоқшуда низ то муддате (идда, ҳомилагӣ ё ширдеҳӣ) пардохт шавад.
5. Инфоқкунанда мол ва дороии худро аз Худо бидонад.
6. Ҳар кас ба ҳар андоза тавони инфоқ дорад, инфоқ кунад.
Оби дарёро агар натавон кашид. Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.
7. Фақирон дар муқоисаи вазъи худ бо сарватмандон неъмат‏ҳоеро, ки Худованд ба онҳо додааст аз ёд набаранд.
8. Таклиф ва вазифа ба миқдори тавон аст. Ислом дини воқеъгаро аст ва беш аз тоқату тавон вазифа намедиҳад.
9. Дар даст‏ёби ба кушоиш саросема ё ноумед нашавед. Бидонед, ки зиндагӣ яксон нест ва рӯзе беҳтар мешавад.
10. Дар шароити талхи талоқ ва ҷудоӣ ё фақру тангдастӣ, умед ба ояндаро аз даст надиҳед.
11. Талоқ ва фақр сахт ва талх аст, вале зану марде, ки ба вазифаи худ амал карда бошанд ба Худо такя кунанд ва умедвор бошанд.
12. Барномаи мӯъминонро Худо танзим кардааст. Вазифаи олимони дилсӯзу огоҳи мусулмон аст, ки онро биёмӯзанду бигӯянд ва мусулмонон ба он амал кунанд. Танбалӣ ва кӯтоҳӣ аз мо аст, вагарна Худои меҳрубон барои ҳамаи ҳолатҳои зиндагии мо барнома дорад ва онро баён кардааст.
Гар гадо коҳил бувад тақсири соҳибхона нест!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст