Худои Мутаол дар ояти 15 сураи Ҳуҷурот мефармояд:
إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُواْ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ لَمْ‏يَرْتَابُواْ وَ جَاهَدُواْ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ فِى سَبِيلِ اللَّهِ أُوْلَئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ‏
Ҳамоно мӯъминон танҳо касоне ҳастанд, ки ба Худо ва расулаш имон оварда дучори тардид нашуданд ва бо амвол ва ҷонҳои худ дар роҳи Худо ҷиҳод карданд. Онҳо касоне ҳастанд, ки (дар имон) ростгӯёнанд.
Биёмӯзем
1. Қуръон ҳам меъёри камолро баён ме‏кунад ва ҳам сармашқҳои комилро нишон ме‏диҳад.
2. Имон ба Расули Худо дар канори имон ба Худованд лозим аст.
3. Нишона‏и имони воқеӣ пойдорӣ ва тардид накардан дар он аст.
4. Мӯъминон бояд ба фикри тақвияти имони худ бошанд.
5. Нишонаи имони ҳақиқӣ аз молу аз худгузаштагӣ дар роҳи Худост.
6. Имон амри ботинӣ аст, ки аз роҳи амал шинохта ме‏шавад.
7. Имон бе ҷиҳод дар роҳи Худо ва гузаштан аз молу ҷон фақат шиор додан аст.
8. Дар Ислом ҷиҳоди молӣ ва ҷонӣ бояд дар роҳи Худо бошад.
9. Касоне, ки бо имони маҳкам ва бетардид дар роҳи Худо аз молу ҷони худ мегузаранд ростгӯён ҳастанд.
10. Имон бо роҳатталабӣ ва сарватандӯзи офиятхоҳӣ ҷамъ намешавад. Мӯъминон ҳамеша дар ҳоли амал ба дастури Худо ва ҷиҳоди молӣ ва ҷонӣ дар роҳи Худо ҳастанд. Агар аҳли ботил ва пайравони шайтони малъуни сангсоршуда бо ҷиддият барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ барнома ва талош доранд хеле зишт ва нописанд аст, ки аҳли имон хаста, ноумед ва бе барномаву талош бошанд.
11. Бо ақидаи дуруст ва ҷиҳод дар роҳи Худо садоқати худро ошкор кунем.
12. Сифатҳои мӯъминони содиқро бишиносем ва саъй кунем, ки онҳоро дар худ амалӣ кунем.
13. Барои мӯъмин ҷиҳод дар роҳи Худо ва пирӯзии ҳақ бар ботил муҳим аст.
14. Оё мо сифатҳои мӯъминони ростин ва ростгӯро дорем?
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст