Таъсири матолиби илмии Қуръон дар пешрафти улуми мусулмонон

А: мисолҳои илмии воқеӣ дар Қуръон сабаби кунҷковии башар ва тафаккури ӯ дар аҷоиби осмонҳо, хилқати инсон ва дигар мавҷудот мешавад ва башарро мутаваҷҷеҳи нерӯҳои ношинохтаи табиат мекунад, яъне кори муҳимми Қуръон эҷоди савол дар зеҳни инсон аст, зеро то инсон савол надошта бошад, ба дунболи кашфи илм намеравад, чун фикр мекунад ҳамаи чизро медонад ва дучори ҷаҳли мураккаб мегардад, вале Қуръон масоили ношинохтаи каҳкашонҳо ва мавҷудоти ношинохтаро бузург ҷилва медиҳад ва ба тафаккур дар табиат даъват мекунад ва ин муҷиби пешрафти улум ва санъати башар мегардад, чунон ки дар чанд қарни аввалияи тамаддуни исломӣ ҳамин амр муҷиби пешрафт, балки ҷаҳиши илмии мусулмонон шуд.

Б: ҳамин таваҷҷӯҳи Ислом ва Қуръон ба илм ва матолиби илмӣ аст, ки маншаи бисёре аз улум шуд (ҳар чанд баён кардем, тамоми улум бо ҷузъиёти онҳо дар Қуръон вуҷуд надорад) ва илҳомбахши бисёре аз маорифи башарӣ гардид ва рушди улумро суръат бахшид.

Барои мисол: таваҷҷӯҳи Ислом ба осмонҳо, ҳаракати хуршед, ситорагон ва сайёрот муҷиб шуд то илми кайҳоншиносӣ (нуҷум) дар миёни мусулмонон ба суръат рушд кунад ҳар чанд масъалаи қибла дар намоз ва ниёз ба ҷиҳатшиносӣ ҳам дар он таъсири зиёде дошт.

Ёдоварӣ: матолиби илмии Қуръонро то ҳадди мисолҳои сода поин овардан хилофи инсоф аст, чун мисол барои сода кардани фаҳми матолиби гӯянда аст ва гоҳе воқеият ва ҳақиқат надорад, аммо матолиби илмии Қуръон ҳақоиқи кашф нашудаеро дар бар дорад, ки пас аз қарнҳо донишмандонро ба эъҷоб вомедорад ва эъҷози илмии Қуръонро исбот мекунад.

Ин содаандешӣ аст, ки бигӯем: Қуръон барои баёни як матлаб, як мисол задааст ва иттифоқан дуруст буда, илова бар он баён кардем, ки ин матолиби илмӣ яке аз абъоди эъҷози Қуръонро нишон медиҳад, пас аз ҳадди мисол болотар аст.

Ақсоми татбиқи Қуръон бо матолиби илмӣ аз ҷиҳати шакл ва шева

Тафсири илмӣ, як равиши тафсирие аст, ки худ дорои равишҳои фаръии мутафовите мебошад, ки баъзе тафсири ба раъй ва баъзе тафсири саҳеҳ ва мӯътабар мешавад ва ҳамин матлаб сабаб шуда то баъзе аз донишмандон тафсири илмиро рад кунанд ва онро аз навъи тафсири ба раъй ё таъвил биноманд ва гурӯҳе онро қабул кунанд ва бигӯянд тафсири илмӣ, яке аз роҳҳои эъҷози Қуръон аст.

Мо дар ин ҷо шеваҳои фаръии тафсири илмиро матраҳ мекунем то ҳар кадом ҷудогона қазоват шавад ва аз халти мабоҳисс пешгирӣ шавад:

1. Истихроҷи ҳамаи улум аз Қуръон:

Уламои гузашта (монанди Ғаззолӣ ва Ибни Абӯлфазли Мурсӣ ва...) талош кардаанд то ҳамаи улумро аз Қуръон истихроҷ кунанд, вале ин калом мабнои дурусте надорад.

2. Татбиқ ва таҳмили назарияҳои илмӣ бар Қуръон:

Ин шева аз тафсири илмӣ дар як қарни ахир ривоҷ ёфт ва бисёре аз афрод бо мусаллам пиндоштани қавонин ва назариёти улуми таҷрибӣ, саъй карданд то оёти мувофиқи онҳо дар Қуръон биёбанд ва ҳар гоҳ ояти мувофиқ бо он намеёфтанд, даст ба таъвил ё тафсири ба раъй зада ва оётро бар хилофи маонии зоҳирӣ ҳамл мекарданд. Барои мисол дар ояи шарифа :

هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَجَعَلَ مِنْهَا زَوْجَهَا لِيَسْكُنَ إِلَيْهَا

“Ӯст Худое, ки ҳамаи шуморо аз як тан офарид ва аз ӯ низ ҷуфташро қарор дод.[1]

Калимаи нафсро ба маънои прутун ва завҷро электрун маъно карданд ва гуфтанд: манзури Қуръон ин аст, ки ҳамаи шуморо аз пурутун ва электрун, ки аҷзои мусбат ва манфии атом аст офаридем ва дар ин тафсир ҳатто маънои луғавӣ ва истилоҳии нафсро риоят накарданд.[2]

Ин гуна тафсири илмӣ дар як қарни ахир дар Миср ва Эрон роиҷ шуд ва сабаби бадбинии баъзе донишмандони мусулмон нисбат ба мутлақи тафсири илмӣ гардид ва тафсири илмиро ба унвони тафсири ба раъй ва таҳмили назариёт ва ақоид бар Қуръон рад карданд. Чунон, ки Аллома Табобоӣ тафсири илмиро навъе татбиқ эълом кард.[3]

3. Истихдоми улум барои фаҳми беҳтари Қуръон

Дар ин шева аз тафсири илмӣ, муфассир бо доро будани шароити лозим ва бо риояти завобит ва қавонини тафсири мӯътабар иқдом ба тафсири илмӣ мекунад.

ӯ саъй дорад бо истифода аз матолиби қатъии улум, (ки аз тариқи далели ақлӣ пуштибонӣ мешавад) ва бо зоҳири оёти Қуръони Карим (тибқи маънои луғавӣ ва истилоҳӣ) мувофиқ аст ба тафсири илмӣ бипардозад ва маонии маҷҳули Қуръонро кашф ва дар ихтиёри инсонҳои ташнаи ҳақиқат қарор диҳад. Ин шеваи тафсири илмӣ беҳтарин навъ балки танҳо навъи дуруст аз тафсири илимӣ аст.

Мо дар мабҳаси оянда меъёри ин гуна тафсирро ба таври комил баён хоҳем кард, аммо дар ин ҷо таъкид мекунем, ки дар ин шеваи тафсирӣ бояд аз ҳар гуна таъвил ва тафсири ба раъй парҳез кард ва танҳо ба таври эҳтимолӣ аз мақсуди Қуръон сухан гуфт, зеро улуми таҷрибӣ ба хотири заннӣ ва гумонӣ будан ва истиқрои ноқис дар равиши онҳо, наметавонад назариёти қатъӣ бидиҳад. Барои мисол ояи шарифа:

وَالشَّمْسُ تَجْرِي لِمُسْتَقَرٍّ لَهَا ذَلِكَ تَقْدِيرُ الْعَزِيزِ الْعَلِيمِ

“хуршед дар ҷараён аст то дар маҳаллли худ истиқрор ёбад.[4]

Дар садри Ислом, ки ин оят нозил шуд, мардум ҳамин ҳаракати ҳисссӣ ва рӯзмарраи хуршедро медонистанд ва ба ин тартиб аз ин оя ҳамин ҳаракатро мефаҳмиданд, дар ҳоле, ки ҳаракати хуршед аз машриқ ба мағриб козиб аст зеро хатои ҳиссси биноии мост ва дар ҳақиқат замин дар ҳаракат аст. Аз ин рӯ мо хуршедро мутаҳаррик мебинем ҳамон тавр, ки шахси савор бар қатор хонаҳои канори ҷоддаро дар ҳаракат мебинад ва бо пешарафти улуми башарӣ ва кашфи ҳаракати замин ва хуршед равшан шуд, ки хуршед ҳам, худ дорои ҳаркати интиқолӣ аст (на ҳаракати козиб балки воқеъӣ) ва хуршед балки тамоми манзумаи шамсӣ ва ҳатто каҳкашони роҳи ширӣ дар ҳаракат аст ва каҳкашонҳо ва ситоргон бо суръати зиёд аз ҳамдигар дур мешаванд ва олам инбисот ва густариш пайдо мекунад.[5] Пас мегӯем агар ба таври қатъӣ исбот шуд, ки хуршед дар ҳаракат аст ва зоҳири ояи Қуръон ҳам мегӯяд, хуршед дар ҷарён аст, пас манзури Қуръон ҳаракати воқеъии интиқолӣ, хуршед аст.

Дар зимн аз ин навъ тафсири илмӣ эъҷози илмии Қуръон низ исбот мешавад, чаро, ки барои мисол қонуни завҷияти (-ҷуфт будани) умуми гиёҳон дар қарни ҳафдаҳуми милодӣ кашф шуд, аммо Қуръон даҳ қарн пеш аз он, аз завҷияти (ҷуфт будани) ҳамаи гиёҳон сухан гуфтааст.[6]

Меъёрҳои тафсири илмии мӯътабар чист?

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мо дар се шеваи тафсири илмӣ, як қисмро пазируфтем (истихдоми улум дар фаҳми Қуръон) ва бо иноят ба мабонӣ ва матолибе, ки мо дар мавриди адами қатъияти улуми таҷрибӣ аз он баён кардем ва бо таваҷҷӯҳ ба шароити муфассир ва тафсири мӯътабар, дар ин ҷо меъёрҳои зерро барои дурустӣ ва эътибори тафсири илмӣ, лозим медонем:

1. Тафсири илмӣ тавассути муфассире сурат гирад, ки дорои шароити лозим бошад яъне ошноӣ бо адабиёти араб, огоҳӣ ба шаъни нузули оя, ошноӣ бо таърихи Паёмбар(c) ва садри Ислом, дар ҳадде, ки ба оят марбут аст, иттилоъ аз улуми Қуръон монанди носих ва мансух, муроҷиа ба аҳодис ва усӯли фиқҳ, огоҳи аз бенишҳои фалсафӣ, илмӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, парҳез аз ҳар гӯна пешдоварӣ, татбиқ ва таҳмил, ошнои бо тафсир ва адами тақлид аз муфассирон.[7]

2. Меъёрҳои тафсири мӯътабар дар он риоят шуда бошад монанди: пайравӣ аз равиши дурусти тафсир, адами мунофоти тафсир бо суннати қатъӣ, тафсир бидуни пешдоварии ғайри зарурӣ, адами мунофоти тафсир бо оёти дигар ва ҳукми қатъии ақл, истифода аз манобеи дуруст дар тафсир. Ин меъёрҳо лозим аст дар тафсири илмӣ низ риоят шавад.[8]

3. Тафсири илмӣ бояд ба василаи улуми қатъӣ сурат гирад. (-улуме, ки илова бар таҷриба ба василаи далели ақлӣ ва...таъйид шавад). Дар ҷои худ исбот шудааст, ки улуми таҷрибӣ ба танҳоӣ наметавонад яқин биёварад чаро, ки қавонини улуми таҷрибӣ аз тариқи истиқрои ноқис умумият меёбад ва ё ин ки итминон меоварад, аммо эҳтимоли тарафи муқобилро ба сифр намерасонад. Бинобар ин яқин ба маънои ахас (итминон ба як тараф ва адами эҳтимоли тарафи муқобил, яъне яқини мутобиқи воқеъ) намеоварад ва ҳатто тибқи охирин назариёти донишмандон, қавонини илмие надорем, балки назарияҳо ё афсонаҳои муфиде ҳастанд [9] ба ин хотир дар қазоёи илмӣ чанд эҳтимол вуҷуд дорад:

Аввал: қазияи илмие, ки яқини ба маънои ахас меоварад, қатъи мутобиқи воқеъ низ меоварад, чаро, ки таҷрибаи илмӣ ҳамроҳ бо далели ақлӣ аст[10] (ва ё ба марҳалаи бадоҳати ҳисссӣ расида бошад).

Дуввум: қазияи илмӣ яқини ба маънои аъам меоварад, яъне итминон ҳосил мешавад, вале эҳтимоли тарафи муқобил ба сифр намерасад, чунон ки бештари қазоёи исбот шудаи улуми таҷрибӣ, ингуна аст.

Севвум: қазияи илмӣ, ба сурати теурӣ ё назарияи заннӣ (гумонӣ) бошад, ки ҳануз ба марҳалаи исбот нарасидааст. Бинобар ин дар сурати аввал тафсири илмӣ ҷоиз ва дуруст аст, зеро Қуръон ва илми қатъӣ (ки ба қатъи ақлӣ бармегардад) муориз нест, балки қароини қатъӣ "нақлӣ, ақлӣ ва илмӣ" барои тафсири Қуръон лозим аст. Ва дар сурати дуввум тафсири илмӣ, агар ба сурати эҳтимол зикр шавад дуруст аст, барои мисол гуфта мешавад: чун зоҳири Қуръон бо ҳаракати интиқолӣ хуршед, мутобиқ аст ба эҳтимоли қавӣ манзури Қуръон ҳамин ҳаракат аст.

Ва дар сурати севвум ҳам тафсири илмӣ дуруст нест, зеро ҳамон ишколотеро дорад, ки мухолифони тафсири илмӣ мегуфтанд (монанди татбиқ намудани Қуръон бо улуми мутағйир, шак кардани мардум дар сиҳҳат ва дурустии Қуръон...).



[1]. Сураи Аъроф, ояи 189.

[2] . Алқуръон валилмул ҳадис .саҳ 156.

[3] . Муқадимаи тафсири алмизон, ҷ.1, саҳ 6

[4]. Сураи Ёсин, ояи 38.

[5]. доктор Арик. Китоби физикаи навин. саҳ 45.48 . тарҷумаи Беҳрӯз байзоӣ.

[6]. Сураи Ёсин, ояи 36.

[7]. Даромади бар тафсири илмии Қуръон. Аз нависанда, саҳ 185-205

[8]. Ҳамон.

[9]. Даромаде бар тафсири илмии Қуръон, аз нависанда, саҳ 185.205.

[10]. Барои ин маврид мисоли ҳаракати замин ё тасхири моҳро меоваранд ва бо оёти Қуръон, мутобиқат мекунанд, аммо ин мисолҳо қобили хадша аст, зеро бадоҳати ҳиссӣ дорад аммо бадоҳати ақлӣ (монанди қазоёи аввалия, иҷтимои нақизайн маҳол аст ва кул аз ҷузъ бузургтар аст) надорад лекин баҳси мо дар тақсими улум аст, агар чи мисоли феълӣ дар Қуръон ва илм надошта бошад ва ин зараре ба сиҳҳат ва дурустии матлаб намезанад.

 

Нури тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст