Худои Мутаол дар ояти 4 сураи Талоқ мефармояд:
وَالاَّئِى يَئِسْنَ مِنَ الْمَحِيضِ مِن نِّسَآئِكُمْ إِنِ ارْتَبْتُمْ فَعِدَّتُهُنَّ ثَلاَثَةُ أَشْهُرٍ وَالاَّئِى لَمْ يَحِضْنَ وَأُوْلاَتُ الْأَحْمَالِ أَجَلُهُنَّ أَن يَضَعْنَ حَمْلَهُنَّ وَمَن يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَل لَّهُ مِنْ أَمْرِهِ يُسْراً
Ва заноне, ки аз одати моҳона маъюсанд, (ва қасди талоқи ононро доред,) агар дар вазъи онон шак кунед пас иддаи онон се моҳ аст. Ва ҳамчунин аст ҳукми заноне, ки ҳайз надидаанд (бо он ки дар синни ҳайз ҳастанд). Ва поёни иддаи занони бордор вазъи ҳамли онон аст. Ва ҳар кас аз Худо тақво кунад, Худованд кори ӯро осон мекунад.
Бидонем
Ба дунболи баёни аҳкоми талоқ дар оёти пешин, ин оят мефармояд: Заноне, ки ба далел синни боло ё беморӣ, одати моҳона надоранд, бояд се моҳи комил идда нигаҳ доранд ва занони бордор бояд то замон таваллуди фарзанд сабр кунанд. Сипас метавонанд бо марди дигаре издивоҷ кунанд.
Дар Қуръони Карим барои тақво чанд таъбир омадааст:
1. тақво нур аст Ҳадид/28.)
2. тақво василаи шинохти дуруст аз нодуруст, роҳ аз чоҳ ва бероҳ аст (Анфол/29)
3. тақво василаи берун рафтан аз мушкилот ва гирифториҳост (Талоқ/2)
4. тақво сабаби осон шудани корҳост (Талоқ/4)
5. Тақво сабаби баҳрамандӣ аз ризқе мешавад, ки ба гумон набуд.
Шояд ин таъбирҳо ишора ба сайри табиӣ дорад, зеро барои инсони ботақво аввал нур пайдо мешавад, ки бо он ҳақро аз ботил ва дурустро аз нодуруст мешиносад ва он гоҳ метавонад роҳи берун шудан аз мушкилотро пайдо кунад ва тасмимгирӣ, пойдорӣ ва таҳаммули сахтиҳо барояш осон мешавад.
Биёмӯзем
1. Аҳкоми Худованд бар асоси шароити гуногуни инсонҳо фарқ мекунад. Занони ҳомила ва ёиса ҳукм хос доранд.
2. Дин ба ҳамаи масоил дар ҳамаи шароит диққат ва барнома дорад ва ҳама чизро танзим кардааст. Мушкил ин аст, ки мо ё намедонем ё намехоҳем иҷро ва амал кунем.
3. Дар масъалаи талоқ ба ҳуқуқ ва шароити зан диққати хос кунед, то ба ӯ зулм нашавад.
4. Дини фитрӣ меъёрҳои фитрӣ, табиӣ ва ҳама ҷоӣ дорад. Замонбандиҳо ва андозагириҳои аҳкоми Худо бар меҳвари масоили табиӣ аст. Се моҳ идда бинад ё таваллуди фарзанд.
5. Фарзанд эҳтиром ва ҳуқуқ дорад ва зани бордор наметавонад ба издивоҷи дигарӣ дарояд.
6. Дар масоили хонаводагӣ ва риояти ҳуқуқ ҳамсар ба хусус дар шароити талоқ ва ҷудоӣ ба тақвои зиёд ниёз аст.
7. Бисёре аз гиреҳҳои зиндагӣ ба хотири бетақвоӣ аст. Бояд бидонем, ки бахше аз мушкилоти афроди ботақво ба хотири ибтило ва озмоиш аст.
8. Тақвои Худо гиреҳкушо аст.
9. Барои афроди ботақво таҳаммули сахтиҳо осон аст, чун тақво зарфияти инсонро боло мебарад.