Худои Мутаол дар ояти дувум ва севуми сураи Талоқ мефармояд:
فَإِذَا بَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَأَمْسِكُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ أَوْ فَارِقُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ وَ أَشْهِدُواْ ذَوَى عَدْلٍ مِّنكُمْ وَأَقِيمُواْ الشَّهَادَةَ لِلَّهِ ذَ لِكُمْ يُوعَظُ بِهِ مَن كَانَ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَمَن يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَل لَّهُ مَخْرَجاً (2) وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُ وَمَن يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِکُلِّ شَىْ‏ءٍ قَدْراً(3)
Пас чун ба поёни муддати идда наздик шуданд (ё баргардед) пас ба сурати писандида занонро нигаҳ доред ё (бо адои ҳаққашон) ба сурати шоиста аз занон ҷудо шавед ва (ҳангоми талоқ) ду шоҳиди одил аз худатон гувоҳ гиред ва гувоҳиро барои (ризои) Худо барпо доред. Ин панде аст, ки барои касе, ки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад дода мешавад. Ва ҳар кас тақвои Худо пеша кунад Худованд барои ӯ роҳи берунрафт ва раҳоӣ (аз буҳронҳо) қарор медиҳад ва ӯро аз ҷое, ки ҳисобашро намекард рӯзӣ медиҳад. Ва ҳар кас бар Худо таваккул ва такя кунад пас ӯ барояш кофӣ аст. Дар ҳақиқат Худованд кори худро амалӣ мекунад ва бар саранҷом мерасонад. Дар ҳақиқат Худованд барои ҳар чизе андоза қарор додааст.
Биёмӯзем
1. Замонбандии аҳкоми динӣ бояд бо диққат риоят шавад. Оғоз ва поёни иддаи занон.
2. Корҳо бояд аз аввал барнома ва замони муайян дошта бошанд.
3. Ҳам никоҳу давом додани зиндагӣ бояд бар асоси маъруф ва писандида бошад ва ҳам ҷудоӣ ва талоқ.
4. Рафтори шоиста бо ҳамсар дар ҳоли оштӣ ва қаҳр ҳаққи ҳамсар аст.
5. Саъй бар нигаҳ доштани ҳамсар бошад. Ҷудоӣ охирин роҳи ҳал аст.
6. Равиши ҳамсардорӣ ё талоқ бояд мувофиқи шариат ва писандида бошад.
7. Зан ба хотири хусусиятҳояш бештар зулм мебинад бино бар ин Худо бо такрор ва таъкид аз ҳаққи онҳо дифоъ мекунад.
8. Дар талоқ ҳузури ду шоҳиди мусулмон лозим аст.
9. Гирифтани ду шоҳид барои ҳифзи ҳуқуқи ду тараф ва маҳкамкорӣ аст.
10. Шоҳидон бояд амр ва ризои Худоро дар назар бигиранд на бадбинӣ ё муҳаббати яке аз ду тараф ё расидан ба суд.
11. Ба шоҳидон бояд вазифаашон ёдоварӣ шавад.
12. Риоят ва амали ин қонуну барнома мавъиза ва насиҳату хайрхоҳӣ аз тарафи Худои Мутаол ва нишонаи имони шумо ба Худо ва рӯзи қиёмат аст. Пас онро ҷиддӣ бигиред.
13. Пандпазирӣ нишонаи имон аст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст