Худованд дар ояти якуми сураи Талоқ мефармояд:
يَآ أَيُّهَا النَّبِىُّ إِذَا طَلَّقْتُمُ النِّسَآءَ فَطَلِّقُوهُنَّ لِعِدَّتِهِنَّ وَأَحْصُواْ الْعِدَّةَ وَاتَّقُواْ اللَّهَ رَبَّكُمْ لَا تُخْرِجُوهُنَّ مِن بُيُوتِهِنَّ وَلَا يَخْرُجْنَ إِلَّا أَن يَأْتِينَ بِفَاحِشَةٍ مُّبَيَّنَةٍ وَتِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ وَمَن يَتَعَدَّ حُدُودَ اللَّهِ فَقَدْ ظَلَمَ نَفْسَهُ لَا تَدْرِى لَعَلَّ اللَّهَ يُحْدِثُ بَعْدَ ذَ لِكَ أَمْراً
Эй паёмбар, ҳар гоҳ хостед занонро талоқ диҳед, пас дар замони идда (пас аз одати моҳона пок шуда ва ҳанӯз бо шавҳар ҳамбистар нашудаанд) ононро талоқ диҳед. Ва ҳисоби (рӯзҳои) иддаро нигаҳ доред ва аз Худое, ки Парвардигори шумост тақво кунед. (Дар айёми идда,) на шумо ононро аз хона берун кунед ва на онон берун раванд, магар он ки кори зишти ошкор кунанд. Ин дастурот ҳудуди Худост ва ҳар кас аз ҳудуди Худо таҷовуз кунад, ба хеш ситам кардааст. Ту наме‏донӣ, шояд Худованд баъд аз ин, амри наве падид оварад.
Биёмӯзем
1. Хитоб кардани Паёмбар(с) дар расондани фармонҳои куллӣ, ки барои ҳамаи мардум аст, нишонаи эҳтиром ба он ҳазрат ва лозим будани назорати он ҳазрат бар иҷрои дурусту шоистаи ҳудуди Худост.
2. Барои баёни аҳамияти дастур ва эҷоди ангеза дар дигарон шахси аввал ва муҳимро хитоб кунед.
3. Никоҳ замони хоссе надорад, вале талоқ бояд дар замоне бошад, ки шурӯи идда мумкин бошад, яъне зан дар одати моҳона набошад ва мард низ дар покӣ пас аз одат, бо ҳамсараш наздикӣ накарда бошад.
4. Талоқ ба дасти мард аст.
5. Барои ҳифзи низоми хонавода қонуни талоқ бо шароити суръатгир дорад.
6. Замонбандӣ дар аҳкоми Худоро бо диққат риоят кунем.
7. Ҷудоӣ набояд бо гуноҳ бошад. Агар ризо ва тақвои Худо дар назар гирифта шавад хеле аз талоқҳо анҷом намешавад.
8. Риояти тақво дар талоқ ва хусусан иддаи он аз марду зан лозим аст.
9. Аз касе битарсед, ки Худо ва мураббии шумост.
10. Зани талоқ додашуда, то замоне ки идда аст, гӯё дар манзили худаш сокин аст ва ҳаққи сукунат аз ӯ гирифта наме‏шавад.
11. Талоқ набояд сабаби беэҳтиромӣ ва таҳқири зан бошад.
12. Роҳ‏ҳои миннатгузории шавҳар ва миннаткашии занро бибандед. Худо ‏фармуд: Хонаи худаш аст.
13. Занон талоқро поёни кор набинанд ва дар хона бимонанд. Шояд мард пушаймон шавад ва баргардад.
14. Вайрон кардан ва бастани роҳ‏ҳои оштӣ зулм ба худ аст.
15. Гунаҳкори беҳаё, ки ҳарим‏ҳоро шикаста, эҳтиром надорад ва сазовори таҳқир аст.
16. Истифодаи бад аз қонун мамнӯъ аст. Зан наметавонад аз ҳаққи маскани худ истифодаи бад кунад ва барои интиқом аз шавҳар, хонаро ба муҳити барои фаҳшо табдил намояд.
17. Берун рондани зан аз манзил ба шарте дуруст аст, ки фаҳшои ӯ равшан ва собит шуда бошад ва гумон кофӣ нест.
18. Мардон набояд ба хотири таъмини нафақа ва маскан, бар ҳамсарони талоқдодаи худ миннат кунанд, зеро ин ҳукми худо ва вазифаи онҳост.
19. Занон набояд ба хотири маҳдуд шудан дар хона нигарон шаванд, зеро ин барномаи Худованди ҳаким аст.
20. Нодида гирифтани дастурот Худованд ва шикастани ҳудуди Худо, зулм ба хеш аст, на Худованд.
21. Мо бар асоси иттилоот ва шинохти худ тасмим мегирем ва аз оянда бехабарем. Бо таваккул бар худованд ва амал ба дастураш ба оянда умедвор бошем.
22. Дар Ислом ноумедӣ мамнӯъ аст. Мусулмон бояд ба оянда хушбин бошад. Ҳангоми талоқ, ки ду тараф нигаронанд, ниёз ба дилдорӣ ва тасаллӣ доранд.
23. Ҳаводиси талх мегузаранд ва шароити нав ва тозае фаро мерасад.
24. Ҳамеша лутфи Худоро фақат дар вазъияти имрӯза набинед, чӣ басо ҷудои‏ҳо, ки сабаби расидан ба вазъияти беҳтар ме‏шавад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст