Худои Субҳон дар ояти ҳаждаҳуми сураи Тағобун мефармояд:
عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ‏
Ӯ донои пинҳон ва ошкору нуфузнопазир ва ҳаким аст.
Биёмӯзем
1. Бояд бидонем, ки олам ба ду қисм тақсим мешавад, 1) олами ғайб аз ҳис ғоиб аст ва 2) олами мушоҳида, ки қобили ҳис кардан аст. Олами ғайб ва ҳақиқатҳо ва аҳамияти он аз олами мушоҳида бештар аст, чун одами модда ва мушоҳида аз олами ғайб идора мешавад. Мӯъмин ба ҳар дуо олам бовар дорад.
2. Танҳо касе, ки ба ҳар ду олам олими комил аст Худост. Агар дигарон мисли малоика ё паёмбарон аз ғайб хабар доранд ба иҷозати Худо ва миқдоре, ки ӯ маслиҳат бидонад мебошад.
3. Илми Худованд нисбат ба пайдо ва пинҳон яксон аст.
4. Гумон накунем, ки чизе гум мешавад ва мо зарар мекунем.
5. Мағрур нашавем, ки Худо аз мо қарз хоста ва ба он ниёз дорад, балки ӯ шикастнопазири қудратманд аст ва мехоҳад моро рушд ва подош диҳад.
6. Фармонҳо, барнома ва ташвиқҳову подошҳои Худоро чиддӣ бигирем ва ба он амал кунем, чун ҳамаи он бар асоси иззат ва ҳикмати Худост.
7. Шумо ба вазифае, ки Худо таъин кардааст, амал кунед Худои азиз ва ҳаким пуштибон ва подошдиҳанда аст. Пас нигаронӣ надорад.
8. Шумо ба бародарон ва хоҳарони худ раҳм ва кӯмак кунед азиз мешавед ва барномаи зиндагиятон ҳакимона мешавад.
Поёни сураи мубораки Тағобун
Худоё, туро сипоси беҳад ва шукри беадад мегӯем ва танҳо туро мепарастем ва танҳо аз ту кӯмак мехоҳем! Моро ба шоҳроҳи пойдорӣ дар бандагӣ ва ёрии худат роҳнамоӣ кун ва бо паймудани роҳи бандагони солеҳу баргузидаат аз хатари ғазаби худат ва гумроҳӣ ҳифз кун. Моро бо Қуръон ва суннат олим ва омил ва бархурдор аз баракатҳои он дар дунё ва охират бигардон! Омин!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст