Худои Субҳон дар ояти шонздаҳуми сураи Тағобун мефармояд:
فَاتَّقُواْ اللَّهَ مَا اسْتَطَعْتُمْ وَاسْمَعُواْ وَأَطِيعُواْ وَأَنفِقُواْ خَيْراً لِّأَنفُسِكُمْ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِ فَأُوْلَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
Пас ҳар қадар метавонед, аз Худованд тақво кунед ва сухани ӯро бишнавед ва итоат кунед ва инфоқ кунед, ки ба суди шумо аст. Ва ҳар кас аз бадии бахилии нафси хеш дар амон бимонад, пас онон ҳамон растгоронанд.
Бидонем
Калимаи «юқа» ба маънои ҳифз ва нигаҳдорӣ ва «шуҳ» ба маънои бахилӣ ва майли нафсонӣ аст.
Дар ояти 102 сураи Оли Имрон мехонем: Аз Худо тақво кунед ҳаққи тақво. Дар ин оят мефармояд: Пас ҳар қадар метавонед, аз Худованд тақво кунед. Пас он чӣ ҳақ ва шоистаи тақво ва парҳезкорӣ ҳаст дар ҳадде, ки метавонед анҷом диҳед.
Биёмӯзем
1. Барои муваффақият дар озмоишҳои Худо тақво чорасоз ва муҳим аст.
2. Дар Ислом вазифа ва масъулият ба андозаи тавон аст. Бояд бидонем, ки кутоҳӣ ва танбалӣ набояд кард, чун Худо аз ҳама чиз огоҳ аст. Агар ҳақиқатан ба андозаи тавонамон саъй ва талош кардем оромиш меёбем ва Худо ҳам аҷру савоб медиҳад.
3. Тақвои Худо яъне шунидани сухани ҳақ, амал кардан ба он ва кӯмак ба ниёзмандон аст.
4. Агар хайр мехоҳед, монеаҳоро дур кунед ва ба фармони Худованд гӯш кунед ва аз моли худ ба ниёзмандон диҳед.
5. Бидонем, ки чӣ чизе ба суди мост.
6. Танҳо ҳифзи ҷисм аз хатарҳо кофӣ нест, балки ҳифзи рӯҳ аз амалҳо ва сифатҳои бад низ лозим аст.
7. Роҳи растгориро бишиносем. Тақвои Худо, гӯш кардан ба сухани Худо, итоат аз дастури Худо кӯмак ба ниёзмандон ва нигаҳдории нафс аз бахилӣ роҳи растгорист.
8. Молдӯстӣ ва бахилӣ дар вуҷуди одам ҳаст. Ҳунар ин аст, ки худро аз он озод кард ва бо амал ба фармони Худо ва кӯмак ба халқи Худо худро аз азоби абадӣ раҳо кард. Бояд бидонем, ки барои ин муваффақият бояд Худо кӯмак кунад. Пас аз ӯ кӯмак бихоҳем.
9. Дар аввали сураи Бақара ҳам мехонем, ки парҳезкорон ба фалоҳ ва растгорӣ мерасанд.