Худои Субҳон дар ояти понздаҳуми сураи Тағобун мефармояд:
إِنَّمَآ أَمْوَالُكُمْ وَأَوْلاَدُكُمْ فِتْنَةٌ وَاللَّهُ عِندَهُ أَجْرٌ عَظِيمٌ
Ҳамоно молҳо ва фарзандони шумо василаи озмоишанд ва Худованд аст, ки подоши бузург назди ӯ аст (ва ба касоне подош медиҳад, ки дар ин имтиҳон пирӯз шаванд).
Бидонем
Ояти 28 сураи Анфол монанди ин оят аст.
«Фитна» ҳам ба маънои ранҷҳо, мушкилоту мусибатҳо ва умуре аст, ки инсон гирифтори онҳо мешавад ва сабаби озмоиш аст ва ҳам ба маънои тавтеа ва фасод кардани душманон аст, ки Қуръон барои пешгирӣ аз он мефармояд: Бо онон биҷангед то дигар фасоде набошад. (Бақара/193) Ҷолиб он ки ҳамин молу фарзанд, ки сабаб озмоишанд, зинати дунё низ ҳастанд. (Каҳф/46)
Ҳазрати Алӣ (к) мефармояд: Аз гирифтор шудан ба фитна ба Худо паноҳ набаред, чунки он ҳатмӣ аст, балки аз инҳироф ва гумроҳ шудан ба василаи фитнаҳо ба Худо паноҳ бибаред. Сипас ҳазрат ин оятро тиловат кард. (Наҳҷулбалоға, ҳикмати 93)
Агар бовар кунем, ки мол василаи озмоиш ва фитна аст, аз камии мол ранҷ нахоҳем бурд, зеро имтиҳонаш осонтар хоҳад буд.
Мол сабаби озмоиш аст, зеро бояд аз роҳи ҳалол ба даст ояд, дар роҳи ҳалол харҷ ва ҳуқуқи воҷиби он пардохт ва шукри он адо шавад.
Фарзанд сабаби озмоиш аст, зеро падару модар бояд дар интихоби ҳамсар, пардохти маҳрияи ҳалол ба ҳамсар, тағзияи солими фарзанд, муҳаббат ва назорат бар таълиму тарбият, издивоҷ, касбу кор ва гароишҳои гуногуни ӯ камоли диққатро дошта бошанд, ки гузар аз тамоми ин мароҳил имтиҳони сахт аст. Бояд донист, ки агар падарум модар вазифаи худро ба хубӣ анҷом диҳанд ва аз ӯҳдаи озмоиш бароянд, дар тамоми корҳои хуби фарзанд шарик хоҳанд буд.
Дар ояти 14 гузашт, ки баъзе аз ҳамсарону фарзандон душмани шумо ҳастанд дар ин оят ҳамаи молу фарзандон сабаби озмоиш баён шудааст.
Биёмӯзем
1. Масъала ҷиддӣ ва муҳим аст.
2. Дар идораи мол –сарват- ва фарзандон –қудрат- бояд диққати ҷиддӣ кард.
3. Дилбастагӣ ва вобастагӣ ба молу фарзанд заминаи лағзиш ва инҳироф аст, аз ин рӯ Худованд ҳушдор медиҳад.
4. Гузаштан аз дилбастагӣ ба молу фарзанд барои анҷоми масъулияти динӣ кори бузург аст, аз ин рӯ Худованд подоши бузург медиҳад.
5. Ҳар чӣ имтиҳонгир бузургтар бошад, ҷоизааш барҷастатар аст. Худои азим подоши азим медиҳад.
6. Диққат ба подоши бузурги илоҳӣ сабаби наҷот аз вобастагӣ ба амвол ва авлод аст.