Худои Субҳон дар ояти чордаҳуми сураи Тағобун мефармояд:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِنَّ مِنْ أَزْوَاجِكُمْ وَأَوْلاَدِكُمْ عَدُوّاً لَّكُمْ فَاحْذَرُوهُمْ وَإِن تَعْفُواْ وَتَصْفَحُواْ وَتَغْفِرُواْ فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, бархе аз ҳамсарон ва фарзандонатон барои шумо душмананд. Пас аз онон барҳазар бошед ва агар афв кунед ва нодида гиред ва даргузаред, пас Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
Бидонем
«Афв» яъне гузашт ва «сафҳ» яъне тарки сарзаниш ва «мағфират» яъне аз ёд бурдан ва ба фаромӯшӣ супоридан аст ва ин равиши муомила бо хатоҳои дигарон ва аз ҷумла ҳамсар ва фарзанд аст.
Дар ҳадис мехонем, ҳангоме мусулмонони Макка мехостанд ҳиҷрат кунанд, баъзе ҳамсарон ва фарзандон монеи онҳо шуда ва бо савганд ме‏гуфтанд: Туро ба Худо ҳиҷрат накун! Теъдоде ме‏пазируфтанд ва ме‏монданд. (Тафсири Нуруссақалайн.) Ин оят нозил шуд ва ононро аз пазириши ин хостаи ҳамсарон ва фарзандон, ки мухолифи фармони Расули Худо буд барҳазар дошт.
Диққат кунем, ки ҳамсар ва фарзанде, ки монеи анҷоми вазифаи бандагӣ ва имонӣ шаванд инсонро аз саодати охират ва биҳишт маҳрум мекунанд, аз ин рӯ душман шумурда шудаанд.
Дар тамоми Қуръон ҳеҷ куҷо калимаҳои "афв", "сафҳ" ва "мағфират" пушти сар ҳам наёмадааст, ҷуз дар мавриди зиндагии хонаводагӣ бо ҳамсар ва фарзанд. Яъне ҳатто дар мавриде, ки ҳамфикратон нестанд ва бояд аз онон барҳазар бошед, боз ҳам бояд ин равишро риоят кунед.
Бо дар назар гирифтани шаъни нузул меъёри шинохти дӯст аз душман, ташвиқ ба корҳои хайр ё монеътарошӣ дар баробари анҷоми амали хайр аст. Касе, ки ба хотири манофеи худ, дигареро аз анҷоми вазифааш бозме‏дорад, душмани ӯст.
Баъзе аз муҳоҷирон ба ҳамсар ва фарзанди худ ме‏гуфтанд: Мо ҳиҷрат ме‏кунем ва агар шумо пушаймон шудед ва ҳиҷрат кардед, мо дар Мадина шуморо намепазирем. Дар идомаи оят ме‏фармояд: Гарчи онон дар Макка монеи ҳиҷрати шумо буданд, вале акнун ки ба шумо пайвастанд, гузаштаи ононро бибахшед ва онҳоро сарзаниш накунед.(Тафсири Намуна)
Монанди ин оятро дар сураи Нур ояти 22 низ мехонем: Мардум бояд афв ва гузашт кунанд! Оё дӯст надоред, ки Худо шуморо бибахшад ва Худованд бахшанда ва меҳрубон аст. (Оре агар мо дигаронро бахшидем, Худованд низ моро мебахшад)
Афв кардан ва сарзаниш накардан муҳим аст, вале ба куллӣ нодида гирифтани хато муҳим‏тар аст, чун мағфират баъд аз он ду омадааст ва дар поёни оят Худованд ба «ғафур» тавсиф шудааст. Худо ба паёмбараш ҳам се дастур медиҳад: Пас онҳоро афв кун ва барояшон талаби мағфират намо ва дар корҳо бо онҳо машварат кун. (Оли ‏Имрон/159)
Аз Паёмбари Акрам‏ (с) нақл шудааст: Замоне меояд, ки ҳалоки мард ба дасти ҳамсару фарзандаш хоҳад буд, зеро онон мардро ба хотири фақраш сарзаниш ме‏кунанд ва ӯ барои таъмини хостаҳои онон, ба ҳар коре даст мезанад ва ҳалок ме‏шавад. (Тафсири Мароғӣ)
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст